Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Онҳо бадқаҳрӣ ва бадфеълии хоҷаро на як бору ду бор дар сару дӯшу гардани худашон озмуда буданд, метарсиданд.
Ӯ дар меҳмонхона ҷомаашро ҳам накашида, пушт бар девор дода ва сар ба зону хам карда соате танҳо нишаст.
Оқибат гуруснагӣ ҳис кард, бархоста берун баромада, ба хизматгор таом овардан фармуд ва баъд Ниёзро ҷеғ зада амр кард, ки фавран ба шаҳр фарояд ва Ҳоҷӣ Яъқуби мударрисро ёфта, агар хоб бошад, бедор карда, дар наздаш ҳозир созад. Ниёз дар торикӣ савора ба шаҳр шитофт.
Мударрис наздики субҳидам ҳозир шуд.
Домулло аз даъват кардани бек ӯро дар ин бевақтии шаб ба хавотир монда буд, ҳоло бекро ниҳоят ошуфтаҳол дида, боз бештар дар хавотир афтод.
– Хӯш, тақсир, тинҷӣ? Офият? Чӣ воқеа рӯй дод?
– Шинед, – хастаҳолона гуфт бек.
Ҳоҷӣ рӯ ба рӯйи ӯ сари дастархон нишаст.
– Восеъ ба ёдатон ҳаст–мӣ? – пурсид бек.
– Восеъ? Кадом Восеъ? – Ҳоҷӣ ба зудӣ соҳиби ин номро ба ёд оварда натавонист.
– Дар тӯйи Оллоёр аспро ром карда буд–ку.
– Ҳа, ҳа, ӯро банд карда оварда буданд, шумо гуноҳашро афв карда...
– Ҳа, афв карда г... хӯрда будаам, – сухани мударрисро бурида надомат кард Мирзои Қорӣ. Ӯ чунон аламзада буд, ки дар ҳаққи худаш аз истеъмоли калимаи нагуфтанӣ ҳам ибо накард. – Воқеаи галабонии вайро дар роҳи Қаршӣ, ман ба шумо гуфта будам. Вақто ки лаънатӣ дар Қаршӣ ба ман дағдаға карда буд, ман дарвоқеъ, вайро дар ҳамон ҷо ба миршаб гӯёнда зиндон кунонданам лозим буд. Ман ин тавр накардам. Гуноҳ карда, бандӣ шуда омад, ман боз ҳам вайро озод кардам, аз даст бароварда фиристодам. Марг ба раҳмдилии ман! Ҳез аз раҳмдилӣ к...
шуда будааст. Ана акнун вай ба сари ман бало шуд, офат шуд, ҳоҷӣ, офат! домана! Вай дузд, роҳзан, каллабур шуда будаасту ман бехабар!

пешина
аз 471
навбатӣ