Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дунё ба умед аст, ман мегӯям – як вақте ба мо фақирон ҳам озодӣ, рӯзи хуш меомадагист, ба рӯямон рӯшноӣ метофтагист. Наход, ки умрбод ҷавру зулм бикашем? Охир, рӯз нисфаш сиёҳ бошад, нисфаш сафед аст!...
– Доғ кардӣ маро, Восеъ, диламро об кардӣ, – гуфт Аноргул. – Илоҳӣ, сиҳат–саломат, хушу хуррам гашта биёӣ. Хонаи манғит бисӯзад, ки ба сари мо ин аламу кулфат, ин зиндаҷудоиро овард. Аммо ту хаёл накун, ки ман аз ту гиламандам, Восеъ. Не, ман агар мард мебудам, дар ҷойи ту ман ҳам ба манғит теғ мекашидам. Ман туро аз барои шердилӣ, мардонагӣ, ростқавлиат дӯст доштам.
Ҳозир аз пештара ҳам зиёдтар дӯст медорам. Дар куҷое ки бошӣ, ба сарат ҳар чи ки биёяд, хоҳ ғам бошад ва хоҳ шодӣ, ту маро ҳамроҳи худат бидон. Тани зори ман дар ин ҷо ё дар Баландсар мемонад, аммо дилам, ҷонам бо туст. Ман аз ту розиям, Восеъ, сад бор розӣ...
Вақти хуфтан Восеъ оилаашро бо ҳамроҳии зану кӯдаки Қосим ба деҳаи дури Қарамушак, воқеъ дар пойи кӯҳи Баландсар гусел кард. Дар он деҳа ӯ як нафар хеши падарӣ дошт, занон ва кӯдакон бояд дар хонаи ҳамон хешаш рафта манзил мегирифтанд.
Чизу чораи онҳо ба хар бор карда шуда, Ҳасан ва Давлат дар болои бор нишаста буданд. Даме ки Восеъ дар беруни дарвоза духтараш ва писаронашро як–як оғӯш карда мебӯсид, худдорӣ карда натавониста гирист. Ӯ намедонист, ки аёлу фарзандони дилбандашро боз медида бошад ё не. Занон бо бачагон модагови гӯсоладор ва бузу бузғолаҳоро пешандоз карда ба роҳ даромаданд. Бо фармоиши Восеъ додараш барои занон ва бачагонро то Қарамушак гусел каран бо ҳамроҳии онҳо рафт.

пешина
аз 471
навбатӣ