АХТАРОНИ АДАБ

– Занону кӯдакони дигарон ҳам танҳо намонда буданд?
– Ба дигарон чӣ кор дорам, ман ғами худамро мехӯрам.
– Ҳа–а, ғами худатро мехӯрӣ? Беномус! Номард! – Восеъ дар ғояти ғазаб ба гардани додараш як мушт фуровард, Қосим ғалтид. – Ҳозир бо ман меравӣ! – амр кард Восеъ.
Аз ин баъд ҳарчи ки ман гӯям ва фармоям, ҳамонро мекунӣ! – вай ба келинаш рӯй оварда фармуд: – Ҳозир лоқу пари даркориатро бигиру ба хонаи мо бирав, зуд бош.
Ҳамроҳи Аноргул ва бачаҳо ба Баландсар мекӯчӣ.
Дар ҳавлии вай Аноргул ва Гулъизор шомгоҳ чизу чораи даркориашонро ғундошта ба кӯчидан тайёр шуданд.
Аноргул бачагонашро ба сари хӯроки пеш аз кӯч нишонда, худаш ба меҳмонхона ба назди Восеъ даромад. Мехост бо шавҳараш хайрбод кунад. Дуяшон дар торикии меҳмонхона паҳлу ба паҳлу нишастанд. Аноргул аз гардани шавҳараш оғӯш карда гирист.
– Гиря накун, – занашро бағал карда гуфт Восеъ. – Далер бош, ҷони ширин. Ман ба ту гап дорам. Одамизод пешомадашро намедонад, аз ҳамин сабаб беҳтар ин ки гапамро ҳозир гуфта гирам. Аз ту чӣ пинҳон кунам, ин коре, ки ман пеш гирифтаам, кори хундор аст. Агар шаҳид шудам, ту аз тақдир бидону зиёд ғусса нахӯр. Ба Гулъизор ягон сағираро хонадомод бигир. Писарҳоямонро калон бикун, онҳо ба ту такягоҳ мешаванд. Ба писаронам ва агар насиб бошаду набераҳоямонро бинӣ – ба набераҳоям ҳам саргузашти маро, корҳои маро бигӯ, падару бобояшонро фаромӯш накунанд. Насиҳати ман ин ки онҳо ҳамеша мард бошанд, баномус бошанд; ба ҷавру зулм, беҳақиқатӣ асло тан надиҳанд. То аз дасташон меояд, ба мардум некӣ кунанд... Ман бист сол аст, ки бо ту ба як болишт сар мондам, ба ту меҳр бастам – меҳрубонӣ дидам; ғаматро хӯрдам – ғамгусорӣ дидам. Муҳаббати ту баъди мурдан ҳам аз дилам намеравад, ёри азиз. Ман аз ту розиям, ту ҳам аз ман розӣ бош. Аммо, агар насиб бошаду ба душман зафар ёбам, зинда баргардам, боз мою ту анису муънисем, ба меҳру муҳаббат умр мегузаронем, ба орзую ҳаваси фарзандони азизамон мерасем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо