Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худи онҳо кистанд, аз куҷо омадаанд? Чӣ ҳақ доранд, ки фақиронро тороҷ кунанд, кӯдакони моро аз гушнагӣ бикушанд? То кай мо ҷафо мекашем? Дигар тоқат намонд. Ман ба золимон теғ кашидам. Фуқаро, бихез, ғазот бикун! Агар номус дорӣ, ҳамият дорӣ бихез ба ғазот! Теғ ба даст бигир. Теғ наёбӣ – таёқ бигир. Табару теша бигир. Аз золим қасос бигир. Аз мурдан дар хорию зорӣ, беҳтар, ки дар ҷанги золим бимирем. Золим гург бошад – ту шер бош. Золим оташ бошад – ту сел бош. Ман мегӯям, фақирон шумо шунавед.
Аз ин бад ҳар шаб ба Сурсақова нигоҳ кунед. Як шаб дар тори Сурсақова аломат пайдо мешавад. Аломатро, ки дидед тайёр шавед. Хоб бошед – бедор шавед. Бедор бошед
– савор шавед. Ба ғазот бархезед!..


Акнун «об аз сар гузашта» буд. Хаёлоти хоми кӯҳистониён дар бораи ба инсоф омадани амиру ҳоким ба як бор аз байн рафт. Дигар ҳеҷ ҷойи сулҳу салоҳ намонд.
Маънии «ё марг ё наҷот» дар дили фақирон ҷойгир шуд.
Шӯришгарони Дараи Мухтор ва деҳаҳои дигари ба
Ховалингу Балҷувон наздик зуд оилаҳошонро ба кӯҳу дараҳои дурдаст кӯчонданд. Бек, албатта барои дастгир кардани ошӯбгарон пагоҳ–фардо сарбозони худро хоҳад фиристод, ба ин ҳеҷ шакку шубҳае набуд. Дар бозгашт аз Ховалинг Восеъ ба боғча ба ҳавлии додараш фуромад.
Имрӯз пагоҳӣ, вақте ӯ ва ёронаш ба Ховалинг мерафтанд,
Қосим ҳамроҳи онҳо буд, аммо дар сари роҳ бе иҷозати
Восеъ ба боғча хамида дар хонааш монда буд. Восеъ мехост сабаби гурехтани ӯро фаҳмад.
Зану шӯйи ҷавон дар айвончаи хонаашон баҳузур нишаста гандумшӯрак мехӯрданд.
– Чаро гурехтӣ? – бо қаҳри ниҳонӣ пурсид Восеъ.
– Хостам аз хона хабар гирам; охир, зану кӯдакам танҳо монда буданд, – ваҷҳ гуфт Қосим.

пешина
аз 471
навбатӣ