Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳарчанд, ки мардум ҳоҷидомуллоро иззат мекарданд, бо вуҷуди ин деҳқони солхӯрдае ба вай ҷавоб гардонд:
– Шумо гап мезанед–дия! – гуфт. – Мо сад бор омада арз кунем ҳам, ҳеҷ кас ба арзи мо гӯш намеандозад! Боз гапи амлокдору закотчӣ маъқул!...


Мардум Восеъро миёнагир карда табрик менамуданд, бо ҳоким далерона гап заданашро писандида офарин мехонданд. Ҷувозкаши дараимухторӣ имрӯз қаҳрамони ин халқ шуда буд. Чойхоначӣ, ки одатан оби дарёро ҳам ба касе бепул намедод, ҳозир дар болои кат дастархони ҳотамонае аз чою нону худ ороста, Восеъ ва ёрони ӯро меҳмондорӣ кард. Чун дар поёни ин зиёфат Назир аз ҳамёнаш чанд танга бароварда пули нону чойро доданӣ шуд, чойхоначӣ ҳатто нею нестон кард. Баъд ду–се нафар балҷувониҳои ношинос ҳам: «лозим нест, додарон, пули нону чойро худамон додем» гуфта пули Назирро гардонданд. Восеъ ва шариконаш ба тараддуди бозгашт афтода буданд, ки чойхоначӣ: «шаб дар ҳамин ҷо ба ҳамаатон ҷогаҳ андохта медиҳам, хоб карда пагоҳ меравед» гуфта, онҳоро мононданӣ шуд; дигар балҷувониҳои ношинос бошанд, онҳоро барои шабхобӣ ба ҳавлиҳои худашон таклиф менамуданд. Аммо меҳмонон ба онҳо ташаккур намуда, вақти ғуруби офтоб бошад ҳам, бархоста роҳи Ховалингро пеш гирифтанд. Намехостанд, ки дар деҳа аёлу фарзандонашон аз онҳо хавотир кашанд.
Қосим аспро ба Восеъ дода, худаш ба паси Нозим савор шуд.
Восеъ дар паҳлуи Муллосафар асп ронда, ба вай мегуфт:
– Домулло, шумо каромат карда будаед. Гапи дар Самарқанд гуфтагиатонро ба ёд доред?

пешина
аз 471
навбатӣ