АХТАРОНИ АДАБ

Гуфта будед, ки Мирзоакрамбой ба мансаби калон мерасад. Ҳақиқатан гуфтаи шумо шуд. Намедонам, боз аз барои чӣ Худо ба мо мардуми бечора ғазаб кард, ки ин нокасро ба сари мо ҳоким карда фиристод.
– Худо не, амир, – гуфт Муллосафар. – Ба амирон бояд инсоф диҳем, ки ҳақиқатан одамшинос ҳастанд, ба киҳо мансабу мартаба доданашонро медонанд.
Хабари ром кардани Восеъ аспи ба ҳоким пешкаш кардаи Оллоёри лақайро ва бадин восита халос кардани ӯ худро аз банду зиндон, нотарсона гап задани ӯ бо ҳокими Балҷувон дар бораи ҷабру зулми амалдорон, бо як тезии ҳайратангез дар кӯҳистони Балҷувон, Кӯлоб ва ҳатто дар вилоятҳои ҳамсоя – Қаротегин, Дарвоз, Ҳисор, паҳн шуд.
Гӯё, ки ин хабарро шамолҳои кӯҳистон ва оби дарёчаҳои тезҷараёни он ба ҳар ҷониб мебурданд. Дар як–ду ҳафта достоне ба вуҷуд омад, ки он дар бозорҳо, роҳҳо, чойхонаҳо, сари хирманҳо вирди забони халқ гардид. Достон то аз забон ба забоне нақл меёфт, ба худ ҷомаҳои нав ба нав мепӯшид ва ба рангҳои тоза ба тоза ҷилва менамуд.
Хаёлот ва қувваи эҷодии ҳар як ноқилу ровӣ ба достон ҳар навъ банду басте медод, фаслҳои наве ба он илова мекард. Баъзе ноқилони хуштабъ ҳатто Хизри афсонавиро ҳам дар воқеа иштирок кунонда буданд: гӯё вақте ки аспи саркаш Восеъро гирифта мегурезад, дар наздики деҳаи Хуроб ҷарие аз пеш мебарояд ва дар дами ҳалокати ногузир ба ногоҳ як пирамарди нуронӣ асо ба даст пайдо шуда аз ҷилави асп мегираду онро дар лаби ҷарӣ нигоҳ медорад ва ба Восеъ мегӯяд: «Бачам, бирав, ҳар дарде, ки дар дил дорӣ, ба ҳоким бигӯ ва натарс, ӯ туро ҳеҷ кор карда наметавонад». Гӯё пирамард инро гуфта, боз ғоиб гашта бошад ва он гоҳ Восеъ фаҳмида бошад, ки наҷотдиҳандаи ӯ Хоҷаи Хизр будааст...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо