Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳамроҳони ҳоким бо қиёфаҳои мушавваш ба якдигарашон пичиррос зада ким–чиҳо мегуфтанду ба сардори худ менигаристанд – мунтазир буданд, ки ӯ чӣ хоҳад гуфт ва чӣ фармоне хоҳад дод.
Бек чизе нагуфта ногаҳон ҷилави аспашро ба тундӣ сӯйи қалъа тофт. Чанде аз ҳамроҳонаш аз паси ӯ равон шуданд, дигарон монданд.
Аз мондагон яке дӯсти қадрдони бек – Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис буд. Мирзоакрам ва ӯ дар ҷавонӣ дар мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро шарикдарс ва муддате ҳамҳуҷра буданд. Ҳуҷра ба Мирзоакрам бойбача тааллуқ дошт, Мулло Яъқуби кӯҳистонии камбағал, аммо хушзеҳн ба музди ҳуҷранишинӣ дарсҳои бойбачаи кундфаҳмро муколима карда медод. Акнун бек ин ошнои дерини мадрасагиашро ба худ наздик ва ҳамдами хос гардонида буд.
Боре дар бозори Балҷувон ҷанҷоле рӯй дода, кор ба ҳокимхона кашида буд, бек ҷанҷолчиёнро гӯшмол дод.
Ҳоҷӣ Яъқуб бошад онҳоро панду насиҳат хонда ором карда аз қалъа бароварда фиристод. Бек ин кори мударрисро писандида: «аз мо итобу сиёсат, аз шумо панду насиҳат» гуфта монда буд. Ҳозир ин «тақсими вазифа»
боз амалӣ шуду ҳоҷидомулло лаб ба панду насиҳат во кард. Пандаш омехта бо танбеҳу мазаммат буд;
– Ҳай, афсӯс, афсӯс, – ба тарафи Восеъ сари салладорашро сарзанишкорона ҷунбонид мударрис. – Ҷаноби бек ба ту адолат карданд, аз гуноҳат гузаштанд, ту бошӣ ба ҷойи шукрона гуфтан забондарозӣ карда, хотири ҷаноби бекро ранҷондӣ. Шайтонро аз кифтат гирифта парто, мусулмон. Шумоён ҳам, – ба мардум рӯй оварда суханашро давом дод ҳоҷидомулло, – шумоён ҳам ба сафсатаи як беадаб бовар карда даррав шӯру ғавғо бардоштед! Охир, чӣ шудааст? Олам дар ҷояш истодааст–ку, осмон фурӯ ғалтида ба замин начаспидааст–ку! Агар аз амлокдор ё мансабдори дигар ягон ноинсофӣ содир шуда бошад, одамшавандагон омада инро бе дағдаға, бе ин шӯру валвала ба ҷаноби бек маълум мекарданд, ҷаноби бек таҳқиқ карда, ҳақро ба ҳақдор мерасонданд.

пешина
аз 471
навбатӣ