АХТАРОНИ АДАБ

Деҳқоне дар тоқии худ чормағзи шикаста ва писта оварда ба пеши Восеъ гузошт, навкарон чормағзу пистаро гирифта ба кисаҳои худашон андохтанд. Дар Чорбоғ зане дар остини куртааш ду тухми пухта ба Восеъ дода буд, ки навкар: «бандӣ шикамаш сер аст» гуфта, тухмҳоро бо шарикаш ба ҳам дид.
Навкарон ба Восеъ дар гашти рӯз ба дараи Сурхоб, ки Балҷувон дар он воқеъ шудааст, расиданд. Дар он ҷо аз Сурхоб гузаштан лозим. Дарё чуқур набошад ҳам, обаш хеле тез аст, ба ғайр аз якто–нимто одамони ҷасур дигар пиёдаҳо аз он гузашта наметавонанд. Навкар аз асп фуромада арғамчини дарозеро ба миёни Восеъ баст, нӯги дигари арғамчинро ба зини аспаш андармон карду баъд савор шуда бандиро ба даруни об кашид. Восеъ ба шиддати ҷараёни об базӯр муқобилат карда, пояшро ба регу сангҳои зери об фушурда–фушурда рафтан гирифт.
Дар соҳили рости Сурхоб ба гирду пеши чойхонаи таги қалъа тӯда–тӯда мардум ба ҷунбиш буданд. Якчанд нафар саворони сипоҳу амалдорнамо ба назар мерасиданд. Восеъ дар байни саворон Мирзоакрами ҳокимро шинохт.
Он рӯз оқсақоли лақайҳо Оллоёр писарашро тӯй карда буд, бек ва ҳамроҳони вай аз тӯйи хатнаи писари оқсақол баргашта, дар таги қалъа саргарми ҳангомае буданд, – ҳангома аз он иборат буд, ки аспи нимёбоии ба бек бахшидаи Оллоёрро ром мекарданд.
Ҳам мансабдорони савор ва ҳам издиҳоми халқ чандон машғули тамошо буданд, ки ба бандӣ ва навкарони аз об гузаранда аҳамият надоданд. Навкарон бо бандии худ аз об баромада, наздиктар рафта, ҳамчунин дар болои як дунгӣ тамошобин шуда истоданд.
Восеъ дар ҳолате, ки то гиребонаш шип–шилта буд ва аз бару доманаш об мешорид, соҳибони ҳангома – ҳокиму ҳамрикобонаш ва манзараи аспромкуниро ба хубӣ медид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо