Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар бисёр адолат кунад, чӯбу дарра занонда сар медиҳад.
Инак, Восеъ боз ба дасти Мирзоакрамбой гирифтор шуд, риштаи ҳаёту мамоташ дар қабзаи ихтиёри ӯст.
«Бой, албатта, моҷарои Қарширо фаромӯш накардааст. – фикр мекард Восеъ, – вай албатта, гумон дорад, ки ман дар байни мардум номашро сиёҳ карда гаштаам. Маро нест карда фиристонад ҳам, аҷаб не».
Пагоҳии дигар бо фармони амлокдор ду навкар, яке милтиқдор ва дигараш шофдор, ӯро пешандоз карда ба Балҷувон ронданд. Як навкар аз пеш, дигараш аз қафо, бандиро дар миёна гирифта мерафтанд. Навкари қафо ҳар дам ӯро қамчин зада, давонда–давонда мебурд.
Масофаи роҳ аз Ховалинг то Балҷувон камобеш чор фарсанг аст. Навкарон дар ду манзил – дар қишлоқи Олуча ва Саталмуш фуромада дам гирифта, аз аҳолӣ нону ҷурғот талабида хӯрданд. Дар ҳар ду деҳа шиносони Восеъ пайдо шуда, бо вуҷуди манъ кардани навкарон, ӯро ҳам бо нону ҷурғот зиёфат карданд.
Деҳотиён чун донистанд, ки Восеъ бо доруға ва амлокдор ҷангида гунаҳгор шудааст, ҳисси хайрхоҳӣ ва эҳтиромашон нисбат ба вай зиёдтар гардид. Доруға ва амлокдор дар назари мардум ситамгортарин ва ғаддортарини навкарони амиру бекҳо буданд. Деҳотиён бо қиёфаҳои андуҳнок ба Восеъ: «Ғам нахӯр, додар, бар сари фарзанди одам ҳар чи ояд бигзарад, иншоаллоҳ ба зудӣ халос шуда мебароӣ» гуфта ӯро тасаллӣ доданӣ мешуданд, агарчи нағз медонистанд, ки бандии ба чанги мансабдорон афтода осон–осон халос нахоҳад шуд ва балки ҷон ба саломат нахоҳад бурд.
Дар Саталмуш барои он ки Восеъ аз зиёфати фақиронаи деҳотиён баҳра бурда тавонад, дасти ӯро кушодан лозим буд, онҳо аз навкарон кушодани дасти ӯро талаб карданд, навкарон розӣ нашуданд, аммо баъд бо исрори мардум дасти ӯро кушоданд, фақат ин ки дар аснои нону ҷурғотхӯрии Восеъ аз рӯйи эҳтиёт вайро аз миёнаш ба дарахт баста монданд ва аз навкарон яке бо шофи бараҳна дар болои сараш истод.

пешина
аз 471
навбатӣ