Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бек Мирзоакрами мирохӯр дар танаш ҷомаи бароқи абра–астар ва дар сараш дасторчаи мисқолӣ, чашму рӯяш монанди мастҳо сурху сӯзон, бар аспи «гули бодом» савор буд, дар паҳлуяш Давлат қаравулбегии гардандарози басавлат ва дар паҳлуи дигараш Оллоёри ғафси шикамкалон сари зин нишаста, сипоҳиён ва амалдорони дигари савора аз ақибтари онҳо истода буданд.
Ҳамаашон сари кайфу ҳол, димоғҳошон чоқ менамуд, – маълум шуда меистод, ки оқсақол ин меҳмонони олиқадри худро бо қимиз хуб зиёфат кардааст: вай дар ҷайлов бист сар байтал дошт, аксари байталҳо зоида буданд, галабонҳо ҳар бегоҳ ба хонаи ӯ саноч–саноч қимиз меоварданд. Бояд дар асари мастӣ бошад, ки ҳоким ва ҳамроҳонаш сипоҳигариро ҳам аз даст дода дар пеши чашми фуқарои худ бо овози баланд ҳазлу мутоиба менамуданд, аскияҳои бепарда мегуфтанд ва ба аскияҳошон аз ҳама аввал худашон қоҳ–қоҳ механдиданд.
Дар майдон як сарбози ғӯл тойи кабуди ёлдарози рамандаи беқарореро аз ҷилаваш маҳкам гирифта мегардонд ва ҷор мезад, ки: «Барои той ром кардан гурда даркор, гурда! Канӣ, ҳаст–мӣ боз йигити гурдадор? Ҳар кӣ ром кунад, аз бек сару по мегирад!»
Ҷавони даҳмарданамое хостор шуд, иҷозаташ доданд, ӯ яке ҷаҳида бар пушти той нишаст, той бо тундӣ ҷуфтак зада ҷавонро аз болояш ғалтонд. Дафъаи дигар як марди ланг пеш баромад.
– Ту? Бо ҳамин пойи ланг? – писханд зад ҳоким. – Хайр, озмой!
Мардак ланг бошад ҳам, чустучобук будааст, сабук савор шуд, аммо тойи бадхӯ пас аз дақиқае ӯро ҳам фурӯ ғалтонд. Издиҳом ҳаёҳу ва қий–чув мекард.
– Хӯш, боз, кӣ ҳаст? Ҳарки ром кунад, ғайр аз сарупо пул ҳам медиҳам! Панҷоҳ танга медиҳам! – гуфт ин дафъа худи бек бо овози баланд.

пешина
аз 471
навбатӣ