Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Воқеан ҳам ӯ пагоҳии дигар аспашро савор шуда ба Балҷувон равон шуд.
Саидасрор аз намози пешин баргашта, дар мазор, зери садаи пир тасбеҳ гардонда нишаста буд. Восеъ номашро гуфт, шайх ӯро нашинохт, дурусташ худро ба ношиносӣ зад. Аз зери абрӯвони дарози ба болои чашм фуромадааш хира нигариста пурсид:
– Восеъ? Кадом Восеъ? Аз кадом деҳа?
– Аз Дараи Мухтор. Ман ҳамон Восеъ ҳастам, ки баҳор дар Ҳисор, дар ҳуҷраи мадраса ба шумо панҷоҳу панҷ танга дода, илтимос карда будам, ки онро бо ягон одами худатон ба модари Ашӯри машкоб дода фиристонед, шумо қабул карда будед, – хотиррасон кард Восеъ.
– Пул? Ба ман дода будӣ? – тааҷҷуб кард шайх. – Ин чӣ туҳмат аст? Кадом Ашӯри машкобӣ? Ту девонаӣ магар?
Восеъ дар ҷойи истодааш шах шуда монд, забонаш лол гашт; ӯ ҳатто дар шубҳа монд, ки ин ҳамон Саидасрор – мутаваллии мазор аст ё каси дигар? Аммо дар ин ҷо ҳеҷ имкони саҳв кардан набуд, – ҳарифи вай худаки мутаваллӣ буд.
– Тақсир, шумо ҳазл мекунед магар? – ниҳоят боз ба забон омад Восеъ.
– Ҳазл мекунӣ? – Саидасрор ҷаҳлаш омад. – Ту худ чӣ касе ҳастӣ, ки ман бо ту ҳазл кунам?
– Астағфируллоҳ! – гиребонашро гирифт Восеъ. – Тақсир, дониста мункир шуда истодаед ё аз ёдатон баромад? «Пулро ба тоқча мон, ман ба вай даст намерасонам, чунки молу чизи дунё ба ман ҳаром аст, пулатро бо одами худам ба модари он машкоби раҳматӣ дода мефиристам»
гуфтагӣ кӣ буд? Шумо боз аз ман мепурсед, ки: «Ба сафар баромада бошӣ, аз бузургон дуо гирифтӣ ё не, ба мазори Хоҷа Балҷувон назру ниёз кардӣ ё не?» Наход, ки фаромӯш карда бошед?
– Ту якто гапи рост задӣ: ман дар ҳақиқат як бандаи тарки дунё кардагӣ мебошам, ба молу чизи дунё наменигарам.

пешина
аз 471
навбатӣ