АХТАРОНИ АДАБ

Аммо агар, фаразан, гапи дигари ту ҳам рост бошад, ки яъне ту маро дар Ҳисор дида пулро ба тоқчаи ҳуҷра гузоштаӣ, пас он пул дар ҳамон тоқча мондааст. Ман на туро мешиносам ва на аз ту пул гирифтанамро медонам. Акнун бирав, бандаи Худо, маро дарди сар надеҳ.
«Мункир шуд, мункир! Худоё, тавба!» – дар ҳайрат монда, аз ин муттаҳамии ошкори ҷаноби шайх моту мабҳут шуда, ба дилаш мегуфт Восеъ. Умуман вай дар воқеаи духтараки мироншоҳӣ аз Саидасрор хеле ихлосаш гашта бошад ҳам, гумон намекард, ки шайх то ҳамин дараҷа нокас ва разил бошад. Худро таъна мезад, ки чаро ин воқеаро дониста истода, боз ба шайх бовар кард – пули Ашӯрро ба вай супурд. Ӯ беихтиёр ин байти вирди забони мардум гашта: «Нест ҷуз аблаҳфиребӣ кори шайхони ҷаҳон, сирри ҳақ дар синаи эшон надидам заррае»–ро ба хотир овард.
Воқеаи духтараки мироншоҳӣ ин аст, ки Саидасрор худро зоҳид ва тарки дунё карда ба қалам диҳад ҳам, аз ин ду сол пеш сағираи сенздаҳ–чордаҳсолаеро аз деҳаи Мироншоҳӣ ба занӣ гирифта буд. Мардум ҳайрон монданд, намедонистанд кампир – модаркалони он сағира чӣ тавр розӣ шуд набераи ноболиғашро ба зании пирамарде диҳад. Чӣ тавре, ки Восеъ ва дигар бошандагони Дараи Мухтор шунида буданд, кампири номбурда қазияро ба мардум чунин шарҳ медодааст: ман шабҳо бо набераам дар даруни кулбаамон мехобидам, баъзе шабҳо аз пушти дар ва ё аз бом овози пиреро мешунидам, ки номамро гирифта мегуфт: «Ҳой, Хадича, ман арвоҳи шавҳари ту Фаёз мебошам, ба суханам гӯш кун. Калиди бахти ту ва набераамон Сурма дар дасти ҳазрати Саидасрор шайхи мазори Хоҷа Балҷувон аст! Сурмаро ба ҳарами мубораки шайх бисупор, дуои он ҳазратро бигир! Аз дуо ва даму нафаси он ҳазрат ҳар мушкили ту осон, ҳоҷатат раво ва бахти набераамон кушода мешавад!» Ман, ки чандин шаб ин овозро мешунидам, бовар кардам ва набераамро ба хонаи шайх бурда «бо ду дасти адаб» ба вай супурдам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо