Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нахӯдаки пеши қошуқ шудан ба ту намезебад!
...Аноргул ба пурсиши шавҳараш ҷавоб дода, боз илова кард, ки:
– Ман пештар ҳам пай бурда будам, ки Ризо ба духтарамон... маъқул аст, Гулъизор ӯро бинад, сурху сафед мешуд, дасту по гум мекард. Охир, духтари қадрас бо Ризо барин ҷавони ба назар намоён дар як ҳавлӣ бошанд, ҳар рӯз бо ҳам вохӯранд, оқибаташ чӣ мешуд? Ман намедонистам, чӣ кор кунам. Росташро гӯям, ман аз рафтани Ризо хафа нашудам, ҳарчанд, ки вай бачаи коркун, бағайрат, дастёри хуб буд. Ҳар тавре, ки бошад, набуданаш беҳтар аст. Даҳони мардумро баста намешавад, онҳо гап мекунанд.
Восеъ ба андеша рафту дам назад.

БОБИ ҲАЖДАҲУМ

Вай пули Ашӯри машкобии марҳумро ба ёд оварда аз занаш пурсид: оё ӯ хабар надорад, панҷоҳу панҷ тангаи бухорӣ ба модари Ашӯр аз шайх Саидасрор расида бошад ё не? Аноргул гуфт, ки хабар надорад.
Восеъ худаш ба пеши модари Ашӯр рафт, – кампир дар канораи деҳа ба хоначае ҳамчун гиёҳи бом ғарибу танҳо зиндагӣ мекард. Вай бо дидани Восеъ писарашро ёд карда гирист. Восеъ аз тақдиру насиба ва набудани ҷойи гурези «бандаи Худо» аз қазову қадар гап зада, кампирро каме тасаллӣ дод ва пурсид, ки оё Саидасрор, мутаваллии мазори Хоҷа Балҷувон, ба вай панҷоҳу панҷ тангаи пасандози писари раҳматиашро расонд ё не?
Маълум шуд, ки нарасондааст.
Восеъ аввал ба тааҷҷуб монд, баъд оташин шуд ва ниҳоят беқарор гардида ҷазм кард, ки худи пагоҳ ба Балҷувон рафта Саидасрорро бинад.

пешина
аз 471
навбатӣ