Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«қушбегӣ мешавӣ ё не?», ҷавоб медиҳам. Мавлои ман ба ғуломашон ҳар хизмате, ки фармоянд, соҳибихтиёранд, ин фақир ба ҷон хизмат мекунам. Аммо агар ба карами хисравона раъйи ин ғуломашонро пурсанд, ин фақир аз соҳибдавлатам Ҳисори Шодмонро тамаъ дорам. Фақир ба соҳибдавлатам қавл медиҳам, ки хироҷи султонӣ ҳамасола аз тамоми вилоятҳои кӯҳистон бо бақяҳояш пурра чида ба давлатхона расонида хоҳад шуд.
Дар лабони амир табассуми хушнудӣ падидор шуд.
– Бе ин қавлу ваъда ҳам, – гуфт ӯ, – мо ҳар мансаберо ки худатон хоҳиш кунед, ба шумо арзонӣ медорем, бий– додхоҳ. Мо қадри шуморо медонем.
...Баъди шаш моҳи ин гуфтугӯ Остонақул аз тарафи амир бо мартабаи қушбегӣ сарфароз ва ба ҷойи Муъминтӯраи маъзулшуда ҳокими Ҳисори Шодмон таъин карда шуд.

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Вақти он аст, ки аз Мирзоакрамбои бӯстонӣ ёдовар шавем.
Чун Музаффархон бойро бад дида монда буд, ӯ дар зиндагии ин амир ба амалу мансаби наве умедворӣ надошт, магар ин ки боз мисли воқеаи таъини беки нави Қубодиён як омади кор шуда монад. Аҳадхон ҳам дар зиндагии падараш аз додани амале ба вай на танҳо худдорӣ мекард, балки ӯро умуман фаромӯш карда буд. Бинобар ин Мирзои Қорӣ муваққатан худро ба кунҷи хомӯшӣ кашида, пешаи судхӯриро ихтиёр карда, пулҳои аз закотчии Қубодиён ва фурӯши аспҳо пасандоз кардаашро ба деҳқонон, савдогарон ва косибони қарзхоҳ бо фоидаи ду дар саду се дар сад қарз дода, ба фароғати ҳол дар деҳаи худ мезист. Ӯ барои аз нав ба зини мансаб савор шуда гирифтан фурсати мусоид ва мавриди муносиберо пойида гашт.

пешина
аз 471
навбатӣ