АХТАРОНИ АДАБ

Оқибат Музаффархон мурда буд, ки Қорӣ инро барои худ ҳамин гуна фурсати мусоид донист. Акнун Абдулаҳадхон соҳибихтиёр аст, агар бо ваҷҳе назари илтифоти амири нав ба Қорӣ ғалтида монад, аҷаб нест, ки ӯ боз соҳиби мансаб шавад.
Шабе аз шабҳо вай фикру андешаҳояшро дар хонаи хилват ба зани калонии худ баён намуда, бо ӯ машварат кард.
– Шумо ҳама вақт ба ман ҳолдон будед, ҷонсӯз будед, пошохон, гӯед, чӣ кор кунам?
– Илоҷи ин кор Зебӣ–дия, – гуфт Ибодатпошо. – Он дафъа шумо бедарак аз доду фарёди Рисолат тарсидед.
Дод гуфта куҷо ҳам мерафт? Як ду рӯз доду бедод мекарду баъд хап мешуду мемонд. Вай як умраш аз сари танӯру оташдон онсӯтар наомада бошад, чиро медонад? Агар ҷаноби олӣ духтарашро назарашон гирад, ҷон–ҷон ҳам гӯяд! Шумо ба зан асло гузашт накунед, дадеш; мард бояд, ки ба мардияш истад.
– Бо шумо ман, дарвоқеъ, ҳар вақт гузашт карда омадаам–ку, пошохон, – хотиррасон кард Мирзои Қорӣ.
– Ибӣ, мана Рисолат катӣ баробар кардед–мӣ?– ранҷид зани калонӣ. – Ана–ю! Ман кию вай кӣ? Худоба шукр, мана духтари Қамариддини мударрис мегӯн, бибихалифа мегӯн! Рисолати шумо кӣ? Зоту насабаш чӣ?
– Вайро худатон ба ман гирифта дода будед–ку. Шумо гир намегуфтед, ман намегирифтам.
– Ҳа, охир, ба ман нонпазу ошпаз даркор буд–дия. Шумо вая ба хонетон зан карда оварда бошед ҳам, ман чӯрӣ карда овардам.
– Хуб, ҳар чӣ буд гузашт пошохон, акнун ин тарафашро дидан лозим. Тӯра амир шуданд, агар ман дарвоқеъ, боз як бор аз пешашон гузарам, зоро, ки боз маро амалдор кунанд... Шумо Зебӣ мегӯед, аммо ин Рисолати доманбасар мабодо боз мағал бардошта, ба кӯю кӯча давида, маро шарманда накунад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё