АХТАРОНИ АДАБ

– Баъд шуморо қушбегӣ кунем, розӣ мешавед? – пурсид амир.
Остонақул даст ба сина гузошта нимтаъзиме карду гуфт:
– Аз банданавозии амирам сарфарозам. Аммо... бо иҷозати олӣ, ин фақир як савол дорам.
– Фармоед, бий–додхоҳ.
– Оё аълоҳазратам ба хазина мулоҳиза фармуданд, хазинаи давлат ба чӣ ҳол аст?
– Мазеш не, – содавор гуфт амир.
– Хироҷи имсола пурра рӯёнда шуда бошад ё не?
– Не. Дар чандин вилоят фақат нисфи хироҷи ҳарсола ё андаке зиёдтар аз нисф рӯйида асту халос. Алалхусус аз вилоятҳое, ки ҳокимҳошон бародарони киромии мо мебошанд, даромади хазина хеле кам шудааст, ана инаш аҷиб. Аз афти кор, тӯраҳо қисми зиёди хироҷ, закоти савоим, аминонаи бозорҳо ва ғайраро барои худҳошон даст гирифта истодаанду ба давлатхона хушксолӣ, ё камҳосилӣ, ё малах, ё муромурии чорворо баҳона мекунанд. Агар кӯҳистонро пурсед, чунончи, вилоятҳои Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон, Қаротегин, Дарвоз дар се соли охир хироҷро ё ҳеҷ надодаанд, ё ки хеле кам додаанд, чунки назар ба арздошти ҳокимон дар он тарафҳо се соли охир хушк омада, ғалла нарӯйидааст, ё онро малах хӯрдааст... Хӯш, шумо ин саволро барои чӣ додед, бий–додхоҳ?
– Ҳозир арз мекунам. Ин фақир аминам, ки нуқсон дар рӯёнидани хироҷи султонӣ ё натиҷаи бетадбири амалдорони ҷаноби олист, ё ки хиёнат. Сол хоҳ хушк ояд ва хоҳ тар, ҳуқуқи султонӣ бояд, ки бекаму кост рӯёнда шавад.
Ҳокимон, амлокдорон агар дар хизмат кӯшо бошанд, уҳдабаро бошанд, камомади як хироҷро аз дигараш, ба масал, камомади хироҷи обиро аз лалмӣ, лалмиро аз чорво, чорворо гӯем, аз касаба мебароранд. Аз афти кор, дар ин боб девори хироҷ ҳам, ҳокимон ҳам корро саҳл гирифта истоданд. Акнун ин фақир ба саволе, ки фармуданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё