АХТАРОНИ АДАБ

Вай ба хат як чашм давонду якбора кӯдаквор ҳунгас зада гирист, рӯймолчаи шоҳии гулобирангашро бароварда ба чашмонаш гузошт ва фарёд мекашид, ки:
«Во қиблагоҳам! Во пушту паноҳам! Во султонам! Фарзанди бадбахтатонро ба кӣ партофта рафтед?!» Девонбегӣ ва удайчӣ, инчунин қаровулбегӣ ҳам бо аломати гиря фаши саллаҳошонро ба чашмҳошон кашиданд. Ҳар чорашон ҳамин тарз ду–се дақиқа азодорӣ карданд. Яхшибек оҳиста ангушт ба даҳон тар карда ба чашмаш молид.
Ниҳоят тӯраи оромшуда ба ҳар се ҳозирон пушт гардонда истода:
– Ба қаровулбегӣ сарупо дода шавад, – гуфт ва дасти рӯмолчадорашро дар чашмонаш нигоҳ дошта, дасти дигарашро ба тарафи қосид дароз кард, қосид даррав дуқад шуда дасти панҷаҳояш ғафс–ғафси сермӯйи ӯро гирифта бӯсиду пуштнокӣ рафта аз дар берун шуд.
– Тезтар лавозимоти сафарро тахт кунетон, – фармуд Аҳадхон ба амалдоронаш.
Девонбегӣ таъзимкунон баромада рафт. Ӯ кӯшиш мекард ба рӯйи тӯра нигоҳ накунад, зеро чашмонаш хушк буданд. Удайчӣ дид, ки чашмони тӯра ҳам хушканд...
Расо дар соати яки рӯз ба роҳ баромаданд. Тӯра дар сари чанд сад нафар савор бо шитобу ҷадал асп меронд. Ба вай аз маснади бекӣ то тахти амирӣ фақат ёздаҳ фарсанг масофа мондааст, ки онро ҳарчӣ зудтар бояд тай кард.
Тирамоҳ кайҳо аз нисф гузашта бошад ҳам, ҳаво хушк, дами офтоб ҳанӯз гарм, рӯз тафсон буд, аз зери суми аспон чанги ғализе фаввора зада чеҳраи софи фазоро ғуборолуд мекард. Баъди ду фарсанг роҳ паймудан дар деҳаи Малик таваққуф намуда, аспони арақшорро дам доданд, намози пешинро хонданд. Рӯз ба бегоҳӣ моил шуда салқинӣ фуромада буд, ки боз саворӣ намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё