АХТАРОНИ АДАБ

Тӯра ва ҳамрикобонаш ҳама шаб беист роҳ паймуда, соате пеш аз бомдод ба чорраҳае, воқеъ дар якуним фарсанги Бухоро расиданд. Дар ин ҷо валиаҳдро чандин даста сарбоз, дастаи муллоён ва амалдорони пойтахт пешвоз гирифтанд. Дар байни ғалоғулаи табрику таҳният, дуою таъзим, хушомаду рикоббӯсии намояндагони пойтахт тӯра худро дар арши аъло медид ва Фиръавнро камтарин навкари худ медонист.
Машаққати ёздаҳ фарсанг роҳи пурпечу хам ӯро гӯё, ки ҳеҷ хаста накарда буд. Ин ҷавони бистуҳафтсолаи шоиртабиат, айёш, бедонабоз ва кӯпкоритоз дасти рост дар миён, дасти чап дар қабзи шамшери ғилофаш зарнигори ҷавоҳирнишон, дар болои аспи сафед бо як карру фарри хисравӣ нишаста мерафт.
Ба шукронаи тахтнишинӣ зиёрати мазори ҳазрати Баҳоваддини Нақшбанд лозим дониста шуд. Шотирони тӯра ҷилави аспи ӯро ба роҳе, ки аз чорраҳа ба ҷониби мазори Баҳоваддин мерафт, кашиданд. Бештарини истиқболкунандагони бухороӣ низ ба вай ҳамроҳ гардиданд.
Тӯра бо се ҳазор ҳамрикоб дар субҳидам ба мазор расида, намози бомдодро дар масҷиди он ҷо хонд.
Бедории шаби гузашта ва кӯфтагии роҳи дур ба тӯраи ҷавон он қадар таъсир накарда бошад ҳам, ҳамроҳони солхӯрдаи ӯро беҳол карда буд, онҳо дар вақти намоз бо сурину миёнҳои дардманд, сарҳои гарон ва чашмҳои хоболуд базӯр хаму рост мешуданд.
Баъд аз намоз ҳамаашон ба сари қабри Баҳоваддин рафта, фотиҳа хонда, дастҳошонро ба “Санги мурод”– тахтасанги сиёҳи поёни қабр, ки аз дастсойиҳо сайқал гирифта буд, расонида ба чашму рӯйҳошон молиданд.
Аммо он чи ки пас аз ин маросим ба вуқӯъ пайваст, карминагиҳоро даҳчанд зиёда аз бехобию машаққати роҳ коҳиш дод. Аввалан сию ду шайхи мазор ба даҳ ҳазор танга назре, ки аз валиаҳд гирифтанд, қонеъ нашуда, аз ҳар кадоми зиёраткунандагон ба қурбу ҳимматаш нигоҳ карда чору панҷ то дусад–сесад тангагӣ рӯёнданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё