АХТАРОНИ АДАБ

– Девонбегӣ, чиба имсол лаклакҳо барвақт парида рафтанд? – хавотир кашида мепурсид тӯра. – Боз ин фоли бад набошад?
– Не, тасаддуқ шавам, асло фоли бад не, баръакс, фоли нек аст, – валиаҳдро тасаллӣ медод девонбегӣ. – Лаклакҳо барвақт парида рафтанд, ошёнашон холӣ монд, яъне ин ки таҳти подшоҳӣ ҳам, иншоаллоҳ, ба тезӣ холӣ мешаваду тӯра ҳам ба он менишинанд.
Баъд тӯра ба ҳамнишинонаш ғазалеро, ки шаб навишта буд, хонда дод. Дар ғазал шоири оҷизи (тахаллуси Аҳадхон дар шеър Оҷиз буд) дилбохта ба маъшуқаи худ зорӣ мекард, ки дар базми висол ба рақибон нанигарад ва илтифоте накунад; маъшуқа розӣ мешуд, аммо боз дар айни нозу ишва хато карда, ба рақибон назари илтифот меафканд, ошиқ музтарибҳол мегардид. Дар як мисраъ хитобан ба маъшуқа гуфта мешуд: «Ошиқи ту з–ин хато сад бор мегардад хитой».
Девонбегӣ ва удайчӣ аз таги забонашон забон бароварда ба таърифи шеър даромаданд:
– Ҳай–ҳай, чӣ ҳунаре, чӣ истеъдоде! Хоҷа Ҳофиз агар ин масраъро мешунид, дасти тӯраҷонро мебӯсид, «Тасаддуқ шавам, лутф кардед, лутф!»–бо шавқи бениҳоят санохонӣ менамуд девонбегӣ. «Тӯра ҳам хато карданро бо хитой шудан ҳамчунон мос овардаанд, ки бай–бай! тапатахт часпидаасту мондааст–а!» – шеършиносии худро изҳор мекард удайчӣ...
Тӯраи шоир аз ин мадҳу саноҳо болида қабат–қабат гӯшт гирифта истода буд, ки дар даҳлези меҳмонхона қосиди аз Бухоро омада – қаровулбегии саропо чанголуд пайдо гардид. Аз пайдоиши ногаҳонии ӯ ҳайрон нашуданд, зеро ба дарбонҳо амр шуда буд, ки ҳар гоҳ қосид биёяд, фавран ба назди тӯра дарорандаш.
Қаровулбегӣ қуттичаро бароварда бӯсида, дар чашмонаш молида ба тӯра дод. Вақте ки Аҳадхон онро мекушод дастҳояш меларзиданд ва дар лабонаш табассуми ноаёне бозӣ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё