АХТАРОНИ АДАБ

Аз бетоқатӣ гоҳе нишста худро ба шеърнависӣ машғул медорад, гоҳ бедонаҳои дар ҳавлии дарун ба қафасҳо овехта шударо оваронда, Яхшибекро ҷеғ зада бо вай бедонабозӣ мекунад. Аммо ба зудӣ аз ин шуғл ҳам дилгир мешаваду бархоста ба ҳарамсарои худ даромада бо Нозгули зебо дилхушӣ мекунад. Нозгулро дар он қарибӣ амлокдори Шофирком аз падари қарздораш харида ба ҳоким пешкаш карда буд. Духтар ба Аҳадхон ҳеҷ сар намефурорад, аз вай чун ғизоли рамида фирор карда дар тоқча ё пушти таҳмон ҷогаҳ мешавад. Тӯраҷон «аҷаб кайфияте дорад ба мақсад норасиданҳо» гуфта, аз рамиданҳои духтарак завқ мебарад. Девонбегӣ баъзан аз фитнаю фасоди эҳтимолии бародарони тӯра хавотир кашида ба ӯ маслиҳат медод, ки хотирҷамъ нанишинад, балки ба пойтахт ҷосусҳои худро фиристонад, дар он ҷо фалонӣ бий, фалонӣ додхоҳ, фалонӣ иноқро бо ваъдаҳо ва туҳфаҳо ба худ ёр созад, ё ки ба вай, яъне ба девонбегӣ Усмонбек иҷозат диҳад, ки Бухоро рафта аҳволро дониста биёяд. Аммо тӯра ин маслиҳати хизматгори содиқашро рад карда мегуфт, ки дар бобати ишғоли тахти падар хотири ӯ ҷамъ аст, зеро ба ҳамин қарибӣ генерал Анненков ба ӯ ваъдаи ҳимояти генерал–губернаторро расонд.
Ҳамин, ки хабари вафоти амир расид, хоҳ рӯз бошад ва хоҳ шаб, тӯра фавран ба Бухоро саворӣ хоҳад кард. Девонбегӣ тамоми асбоби сафари валиаҳдро таҳия намуда, ҳатто, ки аз сипоҳу навкару амалдору савдогарон қариб ҳазор нафарро дар Кармина гирд оварда, ба рикоби ӯ тайёр карда мондааст.
Пагоҳии 31 октябр Абдулаҳад дар меҳмонхонаи худ бо ҳамроҳии Усмонбек ва Яхшибек хушу хуррам сабуҳӣ карда нишаста буд. Аз даричаи кушодаи меҳмонхона гунбази нилгуни масҷиди ҷомеи шаҳр метофт, ки дар офтоби пагоҳонӣ медурахшид; дар болои гунбаз ошёни лаклак намудор буд, ки ба баландӣ қариб якуним қади одам меомад, зеро лаклакҳо ҳар сол ошёни навашонро бар болои ошёни куҳна месохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё