Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ АВВАЛ

Ду–се сол инҷониб андешаи рӯзу шаби Мирзоакрамбой ин буд, ки чи навъ карда мансаби аз даст рафтаашро ба худ бозгардонад. Бой дар деҳаи Бӯстони тобеи тумани Ғиждувон мезист. Ӯро Мирзои Қорӣ ҳам мегуфтанд, зеро дар ҷавонӣ камтар ба қоригӣ ҳам хонда буд.
Мардак дувоздаҳ сол ба навбат дар чандин тумани Бухоро амлокдорӣ карда омад. Дафъаи охир амлокдори Ғиждувон буд. Чун аз мансаб фуромад, якбора худро монанди мусофире, ки дуздон маркабашро ба ғорат бурда дар биёбон пиёдааш гузошта бошанд, ҳис кард. Ӯ бо ҳамроҳии мансаб дусад ҳазор тангаи нақдашро ҳам аз даст дода, аз ин ваҷҳ аламаш боз ҳам дарднок ва тоқатфарсо гардида буд.
Воқеа чунин аст: аз ин се сол пеш Тӯраҷон – ҳокими Кармина Абдулаҳадхон ба мақсади муборакбодии императори нави рус Александри Сеюм азми сафари Русия карду барои баровардани хароҷоти ин сафар ба аҳолии қаламрави худ бо номи «мирона» андози иловагӣ андохт.
Амлокдорони туманҳо мебоист ҳар кадоме дусад–сесад ҳазор танга ҷамъ карда ба хазинаи ҳоким месупурданд.
Муҳлати ҷамъоварии андоз хеле кӯтоҳ буд, баъзе амлокдорон ба ин амр расидагӣ карданд ва баъзе натавонистанд. Амлокдори Ғиждувон ҳам натавонист, бинобар ин ӯ қарор дод, ки «мирона»–ро аз пули шахсии худ ба ҳоким расонаду баъд онро аз халқ ғундошта гирад. Ӯ ҳамин тавр ҳам кард.
Баъди ба сафар рафтани амирзода амлокдор ба пулчинӣ иқдом намуда буд, ки ғиждувониҳо ғурру писи худро сар карданд, зеро аз он пештар андозҳои давлатиро базӯр адо карда, «дастмояҳошон ба ғалтак баромада» монда буд.
Ғиждувониҳо, ки аслан бе ин ҳам худашон мардуми саркашу инодкор ба шумор мерафтанд, аз дасти амлокдори бемурувваташон ба амир шикоят карданд.

пешина
аз 471
навбатӣ