Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо натиҷагирии худро аз фаслҳои офариниши чеҳраҳои таърихии қаҳрамонон, симоҳои фарҳангу илм ва то андозае дар хусуси фаъолияти мутарҷимии С. Улуғзода, ки соҳаи мазкур низ як бахши ниҳоят пурарзиши эҷодиёти адиб мебошад, изҳори назар намудем. Дар баробари ин гуфтан месазад, ки шахсият, камолоти эҷодӣ, маҳорати суханварӣ ва ҳунари образофарии адиби маъруф Сотим Улуғзода ҳанӯз ҳам омӯхтанӣ ва сазовори таҳқиқу баррасии амиқу густурда аст.
С. Улуғзода дар асарҳои таърихиаш, аз ҷумла дар романи «Фирдавсӣ», аз воқеаҳои таърихӣ дур нарафтааст. Ҳатто ҳангоми офаридани санаҳои тахайюлӣ низ бо далелҳо аз асарҳои таърихию бадеӣ истинод мекунад. Аз рӯйи ҳамин принсип ҳаҷвияи дар ҳаққи Султон Маҳмудро таълифи Фирдавсӣ шумурда муносибати шоирро ба ҷараёнҳои мазҳабии давр муайян менамояд.
Ҳамин тариқ, таҳлилу таҳқиқи комплексӣ ва густурдаи насри таърихии «Ривояти суғдӣ», «Восеъ» ва «Фирдавсӣ» собит менамояд, ки дар адабиёти давраи нави тоҷик адибе, ки баъди устод С. Айнӣ дар инъикоси бадеии ҳақиқати таърихӣ дар пояи Сотим Улуғзода қарор нагирифтааст. Андеша ва мулоҳизаҳои фарогир оид ба муҳимтарин рӯйдодҳои миллӣ ба нависанда имконият додаанд, ки аз усулҳои гуногуни тасвири реалистӣ бо маҳорат истифода карда, тавассути сужет ва образҳои асосӣ тақдири таърихӣ, зиндагии иҷтимоӣ ва фарҳанги волои халқи тоҷикро дар асрҳои миёна ба таври амиқу равшан ба намоиш гузорад ва бо ҳамин ҷомеаро дар шароити нави таърихӣ дар рӯҳи ифтихори миллӣ, масъулияти ватандорӣ ва пос доштани забону фарҳанги миллӣ тарбия намояд.

Сироҷиддини Эмомалӣ,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор

пешина
аз 471
навбатӣ