Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маҳз ҳамин асарҳои оламшумули бадеию илмӣ буд, ки забони тоҷикӣ бо ҳама назокату фасоҳаташ то замони мо омада расид.
Романи «Фирдавсӣ» аз шоҳкориҳои С. Улуғзода дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ мебошад. Бунёди конфликти воқеоти тасвиршаванда дар роман низои шоир ва шоҳ аст. Ин тарзи низоъсозӣ умуман дар адабиёт падидаи нав, иқдоми тоза буд, зеро чунин тарзи низоъсозӣ ҳатто тобеи асри Фирдавсӣ нест, балки паҳнои бемаҳдуд дорад. Аз тарафи дигар, бархӯрди сиёсат бо ҳунари воло, санъати асил низ мавқеи ба худ хос касб кардааст. Аз ин нуқтаи назар, маърифати ин масъалаи мураккаб ва басо печида, ки даҳ аср боз муаллақ истода буд, дар романи «Фирдавсӣ» роҳи ҳалли худро пайдо намуд ва беҳуда ҳам нест, ки ин асар дар мамлакате, ки сарзамини шеъру шоирхез, гаҳвораи адабиёти форсизабонони олам – Эрон китоби сол дониста шуд. Китоби сол донистани романи «Фирдавсӣ»-и С. Улуғзода эътироф ва пазироии санъати асил, донишу маҳорат, истеъдоду ҳунари адиби тоҷик аст, ки ин на танҳо шарафи худи адиб, беш аз он ифтихори халқ ва миллати ӯ низ мебошад.
С. Улуғзода тӯли фаъолияти хеш оид ба саргузашти чаҳор тан саромадони сухангустарӣ ва илм, ҳунар ва фарҳанги миллӣ, чаҳор фоҷеаи миллӣ таълиф намудааст, ки то кунун на дар кишвари мо ва на дар хориҷ аз диёри мо ҳамто ё худ ҳампанҷа пайдо накардаанд. Фоҷеаҳои Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ибни Сино ва Аҳмади Донишро, ки ҳар кадом аз бузургтарин симоҳои миллӣ дар арсаи фарҳанг, илм, ҳунар ва шахсиятҳои баруманд ва симоҳои бемонанди таърихи халқи хешанд. Албатта, халқ, миллат чунин фарзандони баруманди хешро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва нахоҳад кард. Хидмати С. Улуғзода боз аз он иборат аст, ки ӯ бо тафаккури воло, истеъдоди фитрӣ ва бо коргирӣ аз ҳофизаи боғановати таърихӣ симоҳои фавқуззикри миллиро ба миллати худ ва ба ҷаҳониён шиносонида тавонист ва аз уҳдаи он комилан баромад.

пешина
аз 471
навбатӣ