Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Амир Музаффархон дид, ки муроди Тӯраҷон ҳосил шуда, яъне маблағи даркорӣ ба дасти ӯ даромадааст, бинобар ин агар вай, яъне амир арзи ғиждувониҳоро қонеъ ва як нафар амлокдорро қурбон кунад, на фақат ҳеҷ зараре намекашад, балки дар байни халқ шуҳрати «филкуши мушпарвар»–ии худро зиёдатар мегардонад. Ӯ Мирзоакрамбойро аз чандин андози иловагӣ манъ ва аз мансаби амлокдорӣ маъзул кард. Нақл мекарданд, ки Музаффархон ба атрофиёни худ гуфтааст: «Агар пули амлокдор ба тӯра рафта бошад, боке нест, аздусар амлокдор он пулро аз роҳи ғоратгариву порахӯрӣ пайдо кардааст».
Воқеан ҳам амир мансабдорони мамлакаташро нағз мешинохт...
Мирзоакрамбой барои назари илтифоти Абдулаҳадхонро ба худ ҷалб карда, дубора соҳиби мансаб шудан, ба ҳар коре лозим бошад тайёр буд.
Ӯ шавҳари се зани никоҳӣ буда, аз зани сеюмаш як духтари сездаҳсола дошт. Духтар номаш Зебӣ бошад ҳам, худаш безеб буд. Бой ду зани ҷавонтарашро бо ҳар баҳона дошта мезад. Як баҳонаи ӯ ин буд, ки мегуфт: «Шумоҳо зан шуда ба ман ягон духтар ё писари баафту андом ҳам зоида надодед, ки имрӯз ба дардам хӯрад! Шумо қанчиқҳоро зада кушам ҳам боз ҳаққам меравад!» Аз калтаку саркӯбиҳо фақат зани калонии бой Ибодатпошо озод буд, зеро ӯ бибихалифа–бо хатту савод, зани солхӯрда, бонуи хонавода ва модари як писари ноқисулақл ва ду духтари аз Зебӣ ҳам бенуртаре буд, писар оиладор ва хонааш ҷудо, духтарон ҳам шӯйдор буданд. Ҳар гоҳ ки Зебӣ модари худро аз шаттаву шаллоқи падари бадҷаҳлаш халос карданӣ мешуд, падараш: «Гум шав, башараи хунукат дар гӯр!» гуфта духтаракро дур меронд ё ки ӯро ҳам мезад.
Маънии «Ба дардам хӯрад» гуфтани бойро занҳо нағз медонистанд: агар ӯ писаре ё духтаре «баафту андом» медошт, онҳоро мисли баъзе амалдорон ба ҳоким ё амир пешкаш карда соҳиби ҷоҳу мансабе мегардид...

пешина
аз 471
навбатӣ