Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Амирқул ба наздики суфа омада истод.
– Кистӣ ту? Чӣ кор дорӣ? – пурсид миршаб.
– Одам куштам ман, – гуфт Амирқул. – Хӯҷаинро куштам. Куштагӣ Назир не, ман. Ба дилам нагунҷид омадам... Чӣ коре, ки кунед...
Миршаб ва одамонаш дар ҳайрат монда ба якдигарашон нигоҳ карданд, баъд боз ба қотили бо пойи худ омада назар дӯхтанд. Чашмони ӯ сурохи варамкардаи кунднигоҳ, рӯяш ба ранги хок, пойҳои бараҳнааш лойолуд, як эзорпочааш чиркин ва олудаи хасу хошок буд.
– Пештар биё!
Амирқул се қадам пештар омад. Миршаб номаш, куҷоӣ ва чикора буданашро пурсид, Амирқул ҷавоб дод. Баъд миршаб гуфт:
– Ту девонаӣ магар? Ё хоб дидӣ? Васвосӣ шудӣ?
– Ман ҳушёр. Куштам.
– Аз барои чӣ куштӣ?
– Ҳамту... куштам. – Амирқул Лутфияро номбар кардан намехост, лекин ба куштанаш хӯҷаини худро ваҷҳи дигаре ҳам фикр накарда буд.
– Чӣ тавр куштӣ?
Кушанда бо як азоб воқеаро чи тавре, ки буд, нақл кард.
Миршаб:
– Бирав, ана дар он ҷо шин, – гуфта ӯро ба тарафи собот (бостурма) фиристоду худаш дар андеша монд. Ӯ гарчанде ба ростии сухани Амирқул шубҳа надошта бошад ҳам, намехост ки қотил аз ғайри Назир каси дигаре бошад, зеро дар ин сурат раис, албатта, аз ин хатои миршаб истифода бурда моддаи наве ба айбномаи ӯ хоҳад навишт.
Моддаи бисёр ҷиддӣ. Марди оқил набояд ба дасти рақиб баҳонае барои айбдор кардани худаш диҳад. Миршаб фикр карда қарор дод, ки аҳли хонаводаи собиқи Иноятуллоҳ-бойбачаро даъват карда, аз онҳо феълу атвори Амирқулро пурсад ва пас ба ягон нукта, ба ягон ҷойи шаҳодати онҳо наққида Амирқулро ба ҷиннигӣ ва сафсатагӯйӣ барорад.

пешина
аз 471
навбатӣ