АХТАРОНИ АДАБ

Аз аҳли хонаводаи собиқи бойбача, агар зани калонии ӯро, ки бемор буд, ба назар нагирем, дигар калонсол ва болиға танҳо Лутфия буд. Миршаб ба вай одам фиристод.
Ҷаноби раиси шаҳр аз иқрор шудани хизматгори бойбачаи кушташуда ба қатли хӯҷаинаш зуд ба воситаи касе огоҳӣ ёфта хурсанд шуд, ки боз як саҳви миршаб ошкор гардид. Дар номаи аъмоли рақиб боз як сатри нав –айби нав сабт шуд. Дили раис хор–хор мекард, ки зудтар миршабро дида ба рӯяш ришханде занад, бинобар ин, худаш хеста ба ҳавлии миршаб омад.
– Ман нагуфтам?–заҳрханда кард ӯ. – Хом шумо, ҳоҷӣ!
(номи миршаб Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ буд) Коратон ҳамеш хом, ҳамеш чоқамбарака! Қотил ин ҷо гаштаасту шумо як мусулмони бегуноҳро ба куштан фиристодед; вай гурехта буд, ки як бегуноҳи дигарро, бародари мусофири вайро дастгир карда ба зиндон андохтед.
– Банда ҷоизулхатост, – хиҷолатомез ҷавоб дод миршаб. – Лекин мулоҳиза кунед, тақсир, ман бандаи азизи Худо будаам: Худо хатоямро ислоҳ карда бегуноҳро гурезонду гунаҳгорро ба наздам ҳозир кард.
– Бедарак ба Худо туҳмат назанед, Ҳоҷӣ, он бегуноҳро Худо гурезондагеш не, навкарони даҳанялаи шумо гурезонданд! Хайрият ҳам навкарҳоятон даҳоняла баромаданд, набошад, вай бечора аз бетадбирии шумо аллакай сараш аз тан ҷудо шуда буд.
Лутфия дар фаранҷӣ печида бо ҳамроҳии шавҳараш омад. Зан аз дарвоза даромадан замон чашмаш ба Амирқул ғалтида, якбора беқарор шуд, ба тарсу ҳарос афтод ва фарёд зад, ки:
– Вай худаш кушт, худаш! Ман хабар надорам. Раҳм кунетон, ман бегуноҳам! Туҳмат, туҳмат!..
Ин навъ инкор худ беҳтарин иқроре бошад ҳам, корро боз чигилтар карда партофт.
Дар ин маърака шахсе, ки беш аз ҳама моту мабҳут монд, Иномҷон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё