АХТАРОНИ АДАБ

– Не! Ман... – аз афти кор Амирқул эътирози сахте баён карданӣ буд, аммо Лутфия сухани вайро шунидан нахоста:
– Хайр, ман рафтам; ҷудо дер монам, дар хона безобита мешаванд, – гуфта равон шуд.
Аз мобайн як моҳ гузашт. Амирқул ду–се бор ҳаракат кард, ки Лутфияро бинад, вале муваффақ нашуд. Занак зим–зиё ғоиб шуда рафт.
Хешони Иноятуллоҳ-бойбача чили ӯро гузарониданд.
Баъди ду рӯз дар вақти ба пиёзу сабзӣ об монда гаштани Амирқул Рафоҳат дар боғ пайдо шуда, ба ӯ чунин хабаре расонд:
– Амак, шунавидед, Лутфия–апем шӯ карден, ба Иномҷони масҳифурӯш расиден. Ба тӯяшон моро хабар ҳам накарданд–а, ё тавба!
Бо шунидани ҳамин гап Амирқул як нафас дар даруни оби ҷӯяк карахт шуда истоду баъд каландашро монда, калавида–калавида ба тарафи даруни боғ равон шуд.
Пойҳои калон–калони бараҳнааш пиёзи сабзро пахш мекарданд, баъд сабзиро ҳам пахш карданд. Рафоҳат ҳайрон шуд:
– Амак, пиёзро зер кардед–ку!
Амирқул рафтан гирифт, гӯё ки овози духтаракро намешунид. «Чӣ шуд ба вай? Маст–мӣ ё кӯкнор хӯрдагӣ– мӣ, ё тавба!» – дар дилаш мегуфт Рафоҳат.
Амирқул ба ҳезумхона даромада худро рӯйнокӣ ба болои хошок партофт. Чашмонаш кушод буданд, аммо ӯ ҳеҷ чизро намедид.
Ӯ вақтро ҳам ҳис намекард. Даромадани шабро ба ӯ сагҳо ва қурбоққаҳо хабар доданд.
Сагон бо ак–аки худ аз дуру наздик ба ӯ гӯё: «Аҳмақ ту, аҳмақ! Фанд хӯрдӣ! Мур ту, одамкуш!», –мегуфтанд.
Қурбоққаҳои ҳавз қур–қур мекарданд, гӯё, ки ба вай қоҳ– қоҳ механдиданд. Оби ҷӯй шилдир–шилдир мекард, гӯё ки ба ҳоли Амирқул мегирист.
Пагоҳӣ вай хеста рост ба ҳавлии миршаб рафт.
Миршаб дар ҳавлии беруни худ ба рӯйи суфа нишаста, ба се–чор нафар одамонаш ким–чӣ фармонҳо медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё