АХТАРОНИ АДАБ

Тасаддуқаш шавам, ҳолӣ вай чӣ гуфт, боз ба кафшхарӣ меравам гуфт–а! О, ин ваъда не–мӣ? Ваъда!
Вай боз ба дӯконам меояд! Дар ҷонам занад, кошкӣ тезтар меомад!
Занак Иномҷонро ба худаш дер интизор накарда, баъди ду рӯз дар пеши дӯкони ӯ пайдо гардид. Ин дафъа «барои Рафоҳатҷон» масҳӣ харидан лозим шудааст... Аз Лутфия бӯйи атр меомад. Иномҷон масҳиро ба ӯ нишон дода истода оҳиста пурсид: «Хеш–мӣ дуямо, ё не? Лутфия на тасдиқ кард ва на инкор. «Равам–мӣ, апаҷон?» – боз пичиррос зад масҳифрӯш, Лутфия боз ҳам ҷавоб надод. Иномҷон сукути ӯро аломати ризо дониста боз аз дунболаш афтод. Дар кӯчабоғи хилват занак боз қадамашро суст карду таъқибкунандаи худро аз паҳлуяш гузаронда истода оҳистекак гуфт: «Фардо баъд аз хуфтан, дар ҳамин ҷо...»
Дар бозгашт Иномҷон аз шодӣ то дами кӯчаи калон тӯппиашро дар дасташ гирифта рафт. Вай худро хушбахттарини ҷавони шаҳр медонист. «Ки сабр дар дили ошиқ чу об дар ғирбол». Ба назараш соатҳо шабонарӯз шуда буданду шабонарӯзҳо ҳафта. Чархи вақти сабилмонда ҳамин қадар сустгард буд.
Фардои он рӯз Иномҷон ҳаммом рафт, мӯйи сару ришашро ба сартарош покиза тарошонд, буруташро устувору қайчӣ занонда соз карду вақти говгум дар ҷойи ваъдагӣ ҳозир гардид.
Аз тангкӯча Лутфия фаранҷипеч баромаду ба тарафи боло нигоҳ карда рафтан гирифт. Иномҷон низ чун соя аз қафояш афтод.
Лутфия дар тангкӯчаи дигар, ки аслан обраҳае буд, ба як дари фарсуда даромад. Ин дар дари кулбаи бесоҳибмондаи Ризқихола буд. Соҳибони хонаҳо агар ба ҷое раванд, кафши чӯбин барин як лӯкидонро ба сӯрохии калони паҳлуи дар мехалониданду дасти кӯдак барин калиди чӯбини онро ба нифаашон андохта ё дар хиштаки эзорашон баста рафтан мегирифтанд. Барои бе калид кушодани дар андаке хоҳишу камтарак ҳавсала басанда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё