Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Инро Лутфия ҳам медонист...
Дар шифти хоначаи торик калпесаҳо ва дар тоқчаҳояш мушҳо ба даводав буданд, аммо ошиқу маъшуқа кай аз ин чизҳо парвое доштанд. Аммо хонача на фақат рӯфта тоза кардагӣ, балки палосу кӯрпаҳо ҳам андохтагӣ буд.
Маълум мешуд, ки Лутфия ба ин мулоқот тайёрӣ дида будааст. Иномҷон бо нахустин ҳамла занакро ба рӯйи кӯрпа ғалтонда ба худ таслим кард.
Ӯ Лутфияро беихтиёр бо зани худ муқоиса менамуд, аммо ин ду зан ҳеҷ ба муқоиса намеомаданд: Лутфияи ҷавон ба вай ниҳоят латиф, нозанин ва дилрабо намуд ва ба болои ин бисёр гарму ҳарис ҳам буд. Мардак ошиқ буду ошиқтар шуд.
Занак баъд аз таслим шудан дар бағали ӯ ба гиристан даромад. Вай аз бахти сиёҳ ва шавҳари ҷафокори худ шикоят мекард. Иномҷон ҳар қадар, ки тавонист ӯро тасаллӣ дод, ашки чашмонашро бо бӯсаҳои гарми худ хушконид. Баъд маслиҳат дод ва ҳатто қариб зорӣ кард, ки Лутфия аз шӯяш барояд. Агар барояд, Иномҷон ӯро даррав ба занӣ мегирад. Лутфия аз палонҷи ояндааш натарсад ҳам мешавад–Иномҷон зани ҳозираашро талоқ хоҳад кард.
Баъди ду рӯз, вақте ки Иноятуллоҳ-бойбача лутфан ба пеши занони аввалаи худ омада аз онҳо ҳолпурсӣ кард, Лутфия дар хонаи худаш зор–зор гириста забон ба ҳасрату шикоят боз намуд. Ӯ чӣ гуноҳ кард ё «аз он гадобача, аз он каниздухтар» чӣ камӣ дорад, ки бойбача ӯро ин қадар хор мекунад? Модари Хайрӣ – «он Ризқии албастӣ, он кампири ҷодугар» бойбачаро сеҳру ҷоду карда ба домани «духтари ҷавонимаргаш» баста мондааст, Лутфия ба ин ҳеҷ шакку шубҳае надорад. Ё ки бойбача оё аз Лутфия дилаш монд, ба ӯ хунук шуд? Агар ин тавр бошад, Лутфия ҳам аз бойбача дилхунук шудааст, пас бигузор ӯ Лутфияро талоқ диҳад, Лутфия дигар ба ин зиллату хорӣ, ба ин шӯдор–бевагӣ тоқат карда наметавонад.

пешина
аз 471
навбатӣ