АХТАРОНИ АДАБ

Лутфия кафшро дар рӯмол печонда ба даруни фаранҷиаш гирифт ва гӯё, ки беихтиёр як лаби чашмбандашро саҳл кашида, як чашми худро ба мардак нишон дода нимтабассуме кард. Фаранҷӣ, албатта, чизи хуб ва шариат ҳам беҷо нею лекин кадом зани зебо, агарчи андак ҳам бошад, як лаҳза ҳам бошад ҳусни ҷамоли худро ба мардҳои ҷавон нишон додан намехоҳад?
Иномҷон аз он ҷавонмардоне набуд, ки рамузу ишораро нафаҳмад ва ё инро бе аҳамият гузорад. Ӯ дӯконро ба ҷияни худ, ки дӯконнишинаш буд, ҳавола карда, худаш фавран аз дунболи занак афтод. Ӯ фаранҷиро мадди назар карда, дар байни худаш ва зан фосилаеро нигоҳ дошта рафтан гирифт. Лутфия дар ҷойҳои камодам ва дар кӯчабоғи худашон ду бор ба ақибаш нигоҳ карда монд, – ӯ бо ин гӯё ба Иномҷон гуфтанӣ мешуд, ки омадан гир. Дар дарунтари кӯчабоғи хилват Лутфия қадамашро сусттар кард, Иномҷон ба ӯ расида гирифт.
– Апаҷон, мебахшед, ман аввал надониста мондам, шумо ба камина хеш барин менамоед, – оҳиста гуфт ӯ.
– Ий, ана–ю, ин мардаки беҳаёро бинанд! Ман шумо барин хеш–пеш надорам! – қаҳр кард Лутфия, аммо дар овози ӯ тундӣ ё раддия набуд, Иномҷон инро ҳис кард.
– Не, апаҷон, акнун ба ёдам омад, дуямон хеш ҳастем.
Ғуломатон, қатӣ шинос шавед, баъд медонед, ки хеш будаем.Дарду балотона гирам, апаҷон, на ин ки ғуломатон дурӯғ гӯяд.!
Инро гуфта Иномҷон пай бурд, ки занак дар таги чашмбандаш табассум мекунад. Баъд вай овози Лутфияро шунид:
– Хайр боз ин сафар ба кафшхарӣ равам, хеш будан ё набуданамро дониста мегирам. – Занак шиппас зада равон шуд ва ба тангкӯчаи Иноятуллоҳ-бойбача хамида аз назар ғоиб гардид.
«Э, ин зан зани Иноятуллоҳ-бойбача–Лутфияхон будааст–ку!»–ба фаросат дарёфт кафшфурӯш. – Шӯяш, албатта, ҳозир вай қатӣ соз не, чунки ба қарибӣ зани нав гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё