АХТАРОНИ АДАБ

– Чӣ мегурезӣ, Хайриҷон? Баро, ман ба ту савғотӣ овардам, – овози хӯҷаин ниҳоят лутфомез ва меҳрангез буд.
Ба ҷойи Хайрӣ аз хона модараш баромад.
– Вой ман мурам, амакаш худашон омадаанд–а! Офтоб аз куҷо баромад? Канӣ, гардам, ба ин тараф гузаранд. – Ризқихола аз духтараш ҳам зиёдтар саросема шуда, зуд кӯрпачаи чиркинашро афшонда дуқабат карда ба рӯйи намади куҳнаи суфа андохт. Ӯ дар умри панҷоҳсолаи худ ҳеҷ ба хотир надошт, ки боре дар кулбааш чунин меҳмони калон ва иззатмандро қабул карда бошад.
Хӯҷаин нишаста, ба кампир буғчаи овардаашро дароз кард:
– Ма, ба ту ва духтарат савғотӣ.
– Савғотӣ? Аз кӣ, амакаш? Аз куҷо?
– Аз ман.
Сукуте ба миён омад. Ризқихола нӯги остинашро газида, бо чашмони камнури ҳаросонаш гоҳ ба бӯғча ва гоҳ ба бойбача нигоҳ мекард.
– Ба Хайрӣ сару либоси арӯсӣ дӯзон, – бо садои нарм, вале ҷиддӣ гуфт меҳмон. Як лаҳза хомӯш монда, илова кард: – Духтари қадрасро то кай дар пешат нигоҳ медорӣ?
Нағз не... Худат медонӣ, аз Лутфия фарзанд наистод... Зоро ки аз Хайрӣ писар ёбам... Хонаашро ҷудо мекунам, туро ҳам кӯчонда мебарам... Ҳа, чаро шах шуда мондӣ, кампир?
– Охир, гардам аз шумо, амакаш, наход, ки даррав...
ҳамин хел...
– Гап тамом. Тараддудатро кардан гир. Ман рафтам. – Хӯҷаин ба дари кушодаи хонача, ки монанди даҳони ғори торике буд, назар андохта як дам истод, зоҳиран мехост, ки Хайрӣ намудор шаваду ӯ боз як бор бинадаш, аммо хонача монанди ғор сокиту ором буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё