Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бойбача ақиб гашта, бо поҳои каҷи камонакаш калавида–калавида равон шуд.
Ба ҳамин тариқ, Иноятуллоҳ-бойбача, шояд бо мақсади зудтар анҷом додани ин «кори хайр» бошад, холаҳои хизматгузори шаҳрро, ки ризқашон аз қафои арӯсёбӣ ба домодҳо ва домодкобӣ ба арӯсҳо буд, хеле хафа карда, ба Хайрӣ хостгор нафиристоду худаш ӯро бевосита барои худаш хостгорӣ кард.
Вақте ки Ризқихола бо духтараш дар бораи ин хостгории ногаҳонӣ гап зад, шайтонча ба хилофи чашмдошти модараш нею нестон ҳам накард, лоақал ба хотири кампир ва расму таомул як ду қатра сиришки норизоӣ ҳам нарехт, балки атласу кимхоб ва кафшу масҳии «амирконӣ»-ро дида ба завқ омад. Аз афти кор, вай ҳанӯз маънои арӯсӣ ва заношӯиро нафаҳмида, онро як маъракаи дилхушӣ ва рақсу бозӣ мепиндошт.
Чун қабат–қабат сару либоси арӯсӣ дӯхта шуд, вай он куртаю камзӯлҳои зебои дар умраш напӯшидаро як–як пӯшида, дастпонаву ангуштарину марҷонҳои гаронбаҳоро овехта худро дар оина тамошо мекарду мерақсид, тарона мехонд ва ба дилаш мегуфт, ки: «Арӯс шудан чи кори хубе будааст!» Хусусан ин ки медонист ҳатто бойдухтарҳо– Рафоҳату Назокат ҳам ин хел либосҳои зебои рангбарангро надоранд, дилаш аз ғурур ва ифтихор меболид.
Домод барои арӯс ва модарарӯсаш дар гузари дигар ҳавлӣ харида, тӯяшро ҳам дар он ҷо кард.
Каниздухтари дирӯза якбора бону гардид. Соҳибаи ин ҳавлии корикалон, ин хонаи пурзебу зинат ӯст! Иноятулло бойбача барин одами калон, ки дирӯзакак Хайрӣ дарашро мерӯфту ҳадди сар боло карда ба рӯяш нигаристан надошт, имрӯз дар пеши Хайрӣ жӯлида дасту пояшро мебӯсад, ҳатто масҳии ӯро аз пояш кашида мемонад.
Бойбача рӯз ба рӯз оташи ишқу муҳаббаташ аланга гирифта, тамом волаву шайдои зани барнои худ мегардид. Ӯ хонаи пештараашро, Лутфияро, Ҳурматойро, духтаронашро қариб фаромӯш карда буд. Ба ҳавлии пушти ӯрда агар ҳафтае як бор равад мерафту наравад не.

пешина
аз 471
навбатӣ