Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сабабгори ин ҳол Хайрӣ буд.
Хайрии ятим бо модари муштипараш канизакони даргоҳи Иноятуллоҳ-бойбача буданд. Вақте ки духтарак нахустин бор дар ҳавлии бойбача пайдо шуд, нав ёздаҳро пур карда буд, сиёҳаки лоғарандом, мӯяш ва сару либосаш доим чиркин, дастҳояш дароз–дароз, хулоса духтарчаи нозеб ва ҳатто дилнокаше буд. Аммо ба мурури моҳу сол ӯ дигаргун шудан гирифт. Дар чордаҳсолагӣ чунон шуд, ки кас ба дидан сер намегардид. Модараш ба сари вай фаранҷӣ пӯшонд ва бо ин ҳам қонеъ нашуда ба гарданаш аз чашми бад тӯмор овехт. Рӯяш ба ранги нони ширмол, чашмонаш сиёҳи ҷозибадор, баёзи гарданаш сафеду латиф ҳамчун гардани қоз, қоматаш росту расо, мутаносиб, – хулоса ӯ дар синни понздаҳ духтаре шуд, ки дар ҳаққи чунин духтарон мегӯянд «ба хироҷи як мамлакат меарзад».
Бо ин ҳама Хайрӣ ба канизакии худ давом намуда, ҳар рӯз бо модараш ба ҳавлии Иноятуллоҳ-бойбача меомад, ба рӯбучин ва пухтупази хона ёрӣ медод ва дар байни ин корҳо, агар фурсате ёбад, бо духтарони бойбача бозӣ мекард, ба Рафоҳату Назокатча лӯхтакҳо дӯхта медод. Ва албатта, аз хӯҷаин ҳаё дошт, агарчи рӯяшро аз вай он қадар пинҳон ҳам намекард, зеро аз хурдсолӣ ба диданаш одат карда буд.
Хӯҷаин ба ӯ дуздида менигарист, оҳ мекашид. Нигоҳҳои дуздонаву ҳарисонаи ӯ аз занон пинҳон намемонд, онҳо ва хусусан Ризқихола – модари Хайрӣ дар хавотир монда буданд.
Ризқихола бо духтари нозанинаш дар ҳамон гузар ба кулбаи фақиронаи худ зиндагӣ мекарданд.
Як бегоҳ Иноятуллоҳ-бойбача якчанд даст либосвории атласу кимхоб, рӯмолҳои гаронбаҳо ва кафшу масҳии «амиркон»-ро дар рӯмоли шоҳӣ печонда, «пӯшт» нагуфта ба ҳавличаи танги онҳо даромада омад. Хайрӣ, ки аз сатил ба рӯйи ҳавличаашон об зада истода буд, сатилро партофта, саросема ба хона гурехт.

пешина
аз 471
навбатӣ