Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шояд ки мардак дар мусофират, дур аз амлокдору закотчӣ ва чини абрӯи онҳо, андак ба худ ояд ва панҷу шаш пасандоз ҳам карда тавонад...
Назир ба тарафҳои Самарқанду Бухоро равона шуда, дар Шаҳрисабз қарор гирифт. Дар он ҷо Иноятуллоҳ ном шахсе ӯро ба хизматгории даргоҳи худ қабул кард...
Иноятуллоҳ-бойбача марди чилсолаи қадпасти сергӯшту устухоне буда, чашмҳои калон–калони баромадагӣ ва риши майдаи тунуки зардчатоб дошт; поҳои кӯтоҳаш монанди пойи аспсаворони зотӣ каҷи камонак буданд.
Ҳавлии корикалони давлатмандонаи ӯ дар пушти ӯрда воқеъ шуда, аз саҳни он ҳавлӣ харобаи азими Оқсарои темурӣ намуда меистод.
Бойбача дар Яккабоғ ва Тошқӯрғон обу замин дошт, дар ҳамаи заминҳояш чоряккору панҷяккорон корандагӣ мекарданд. Дар бозорҳои шаҳр самоворхона, нонвойхона ва ошхонааш буданд. Ба косибу савдогару деҳқонони қарзхоҳ пул қарз медод. Пулҳои қарздодааш ба вай се дар сад то чор дар сад фоида меоварданд, аммо агар ӯро судхӯр гӯянд, қаҳраш меомад ва гӯяндаро душмани худ медонист.
Вай одами тундхӯ ва сахтгап буд, бо занону духтарон ва канизаконаш тунду дурушт муомила мекард. Зани калонии ӯ Ҳурматой, модари ду духтари ба балоғат нарасида, занаки ба умр ҷавон – сиюпанҷсола, аммо ба қиёфа панҷоҳсоланамо, сӯфигиро ба гардан гирифта, аз шавҳараш шавҳарӣ талаб намекард ва ҳатто розӣ шуда буд, ки бойбача ба болои ӯ зани дуюм бигирад. Гуфтан мумкин, ба шӯяш духтари зебои як нафар баззози марҳум – Лутфияи аз шавҳари якумаш ҷудошударо ӯ гирифта дод.
Лутфияи соҳибҷамол ва танноз ба Иноятуллоҳ-бойбача ҳаждаҳсола расид. Аз ӯ ду фарзанд шуд, аммо ҳар ду фарзандаш наистода вафот карданд. Дар давоми панҷ соли заношӯйӣ Лутфия аз муҳаббати шавҳар муддаои табъаш баҳравар буд, аммо баъдҳо дили бойбача торафт ба ӯ сард шуда, меҳрубонӣ ва навозишҳои муҳаббатомезаш ба як тарзи хавфангез костан гирифт.

пешина
аз 471
навбатӣ