Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бегоҳии ҳамон рӯз Назир занро талоқ кард. Дигар ӯ аз амлокдор ҳам наметарсид. Корд ба устухон ки расид, на фақат амлокдорро, балки Худоро ҳам фаромӯш мекунӣ...
Марзия ба Шаҳидон, ба хонаи амлокдор шитофта назди ӯ Назирро то метавонист сиёҳ кард ва муттаҳам сохт. Гӯё Назир фалон адад пӯсти рӯбоҳро фурӯхта пули калоне даромад кардааст.
Гӯё Назир доим дар ҳаққи амлокдор бадгӯӣ мекардааст, ин даромадашро аз закотчӣ пинҳон дошта ба аминона надода бо фалонӣ ва фалониҳо, ки рақибон ва душманони амлокдор мебошанд, улфатӣ менамудааст.
Гӯё Назир ва писараш пеш аз он ки амлокдор хирмани онҳоро муҳр занад, шабона аз хирман нисфи ғаллаашонро кашонда пинҳон кардаанд. Ва ғайра ва ҳоказо.
Зан домодҳояшро бо худ ба деҳаи Афардӣ оварда лоқу пари хонаи Назирро бардоронда бурд. Мерган ба ин ҳам тоқат овард, зеро ҳеҷ гуна баҳое, ки вай ба он баҳо халосии худро аз дасти ин зани шаллоқӣ харида метавонист, ба назараш гарон наменамуд.
Аммо вақте ки амлокдори акнун на фақат бегонашуда, балки бадхоҳ ва ғазабнок гашта ба Назири бенаво хироҷе андохт, ки агар ӯ ҳамаи буду нобудашро фурӯхта ва ба илова худашро ба гарав мемонд ҳам, он хироҷро адо карда наметавонист, – вақте ки амлокдор ин хироҷи гаронро андохт, фиғон аз ҷигар ва дуд аз димори Назир баромад.
Агар ӯ ба зудӣ лоақал нисфи ин андозро намедод, бими он буд, ки замину боғ, хонаву ҷояшро мусодира кунанд ва баъд худашро ҳам ба зиндон андозанд. Бинобар ин ӯ хоҳу нохоҳ боғаш, хару говаш ва инчунин туфангашро фурӯхта базӯр нисфи андозро пардохт.
Аз он пас ӯ қаландарнамо, сархаму хомӯш, гоҳо худ бо худ гап мезадагӣ шуда монд. Восеъ ба додархондаш маслиҳат дод, ки чанд гоҳе ҷилои ватан карда ба мардикорӣ биравад.

пешина
аз 471
навбатӣ