АХТАРОНИ АДАБ

Муддате гирист ва баъд рафтанӣ шуда аз хона баромад, лекин боз даромад, боз гирист; дар байни гиря мегуфт:
«Дугонаҷон, дилакам мекафад, лекин забонам баста...»
Зоҳиран ӯ сирре дар дил дошт, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки ба гуфтан ҷуръат намекард. Ниҳоят он сирро ба дилаш гунҷонида натавониста ошкор кард:
– Азиза худаш нағалтида буд, дугона, ӯро... ӯро тела доданд... ба ҷарӣ партофтанд. Ман дар боми хонаамон будам, бо чашми худам дидам...
Модари шӯрбахт аз ин гап ларза дар андомаш афтода қариб ба дилкаф шудан расид. Ӯ пурсуков кард, аммо Нодира номи бачакушро ба забон наёварда: «Худат медонӣ, аммо зинҳор, дугонаҷон, номи маро нагир, ки балое ба сарам наёваранд» гуфту рафт. Дар дили Гулчеҳра дигар шубҳае намонд, кушандаи бачааш маълум буд. Ӯ бо доду фиғони бехудона худро ба хонаи падаршӯяш зад ва ба Марзия дарафтида ба сару рӯйи ӯ чанг андохт, мӯҳои сафедашро канд:
– Бачаамро ту куштӣ! Бачаамро ёфта деҳ!
Марзия ба даҳшат омад, инкор кард.
Гулчеҳра сирро ба шавҳар ва падаршӯяш, бе он ки аз кӣ шуниданашро гӯяд, маълум намуда буд, ки Назир ҳуш аз сараш парида аввалин бор ба занаш даст боло кард. Ӯ дар дами дар Марзияро зада ғалтонда ба гулӯяш корд монд:
– Манҷалақӣ, бачаро ту куштӣ! Иқрор шав, набошад ҳозир саратро мегирам!
Занак натарсид, инкор кард:
– Бигир сарамро! Ман бачакуш нестам, ба ман туҳмат мекунанд, туҳмат!
– Қасам бихӯр!
– Ба мазори Ҳазрати Султон қасам, бачаро ман накуштаам.
Назир занакро раҳо кард. Аммо ӯ медонист, ки ба Марзия барин «зани дӯзахӣ» қасам хӯрдан ҳеҷ гапе нест. Гумони ӯ барҳам нахӯрд, аммо далелу исботе ҳам надошт, – охир, Гулчеҳра номи шоҳиди ҷиноятро нагуфта буд, вай намехост, ки дугонааш ба бало монад: Марзия метавонад ба воситаи «акаи амлокдораш» рӯзи Нодираро сиёҳ ва рӯзгорашро табоҳ гардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё