Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бечора аз андешаи душманиву ғазаби амлокдор зани лаҷомгусехтаи худро сахтгирӣ кардан ҳам наметавонист.
Писари ҷавони ӯ Давлат ва келини барнояш Гулчеҳра духтарчае доштанд, Азиза ном, – духтарчаи дусолаи басе ширину дилкаш, ки бобояш аз ҷон дӯсттараш медошт.
Худ думбура навохта набераашро ба рақс медаровард, дар кӯчаҳо ба китфаш бардошта мегашт; ҳар гоҳ агар ба бозори Шаҳидон, Ховалинг ё Балҷувон равад, ба Азизаҷон, албатта, шириниҳо харида меовард; барояш аз чӯб зочаҳо, ҳайкали хирсу гургу оҳу метарошид. Дар он ҳамхонагии талху ногувор бо зани бадфеълу бадкирдор, Азиза ягона тасаллои дили ғамзадаи Назир буд. Чаҳ–чаҳи ширини духтарча рӯҳи ӯро менавохт.
Аммо Марзия аз меҳрубонии бобо нисбат ба набераи дилбандаш ва аз «нағмаҳои кӯдакона»–и ӯ ғашаш меомад.
Аз ин ваҷҳ Назир аз занаш пайваста коҳишу таънаҳои заҳрбор мешунид.
Рӯзе аз рӯзҳо, вақте ки Назир дар осиё ва Давлат дар саҳро буданду Гулчеҳра ҳам бо коре ба ҳавлии ҳамсоя баромада буд, Азиза ногаҳон аз ҷарӣ ғалтида ҳалок шуд.
Марзия ҷасади ба хун оғуштаи духтарчаро аз таги ҷар бардошта бароварда бо як бехудӣ ва бетоқатии ҳайратангез доду фиғон андохт. Ҳамсояҳо омаданд, Назир ва Давлат ҳам баргаштанд.
Хона мотамсаро гардид. Гулчеҳра рӯканону мӯканон сарашро ба деворҳо мезад. Давлат ранги рӯяш мурдавор канда ҳамчун сурати девор шах шуда монда буд ва милт– милт мижа мезаду халос. Назир пояш суст шуда ба замин нишаста монд. Ӯ ҳис кард, ки дар дилу ҷигараш торе канда шуд ва дигар ҳеҷ пайванд намеёбад.
Дар байни ҳамсоязанони ҷамъомада фақат Нодира – дугонаи ҷоноҷони Гулчеҳра набуд, аммо он рӯз касе ба ин аҳамият надод...
Азизаро ба хок супурданд. Баъди ду рӯз Нодира омаду Гулчеҳраи мусибатзадаро оғӯш карда гиристан гирифт.

пешина
аз 471
навбатӣ