АХТАРОНИ АДАБ

БОБИ НУҲУМ
Сабабгори ин ҳама сарсонӣ ва саргардонии Восеъ – деҳқон ва шикорчии овозадор Назир Хушмуҳаммадзода пеш аз ин воқеаҳо дар деҳаи худаш Афардӣ осуда ва хушу хуррам мезист. Рӯзҳои сиёҳ ба сари ӯ баъд аз вафоти занаш омаданд.
Ӯ Марзия ном беваеро ба занӣ гирифт. Марзия холабачаи амлокдори Сарихосор буд. Занаки чилупанҷсола бадрӯй ва мӯяш сафед бошад ҳам, мерган ба гирифтани ӯ розӣ шуд, зеро мехост бо ин восита хеши амлокдор шавад. Охир, хешии амлокдорро, ки сирриштаи тақдири деҳқонон ба дасти ӯст, кӣ намехоҳад?
Аммо Марзия на танҳо бадрӯй, балки хеле баддаҳон ва бадкирдор ҳам баромад. Дарвоқеъ, ҳусни ӯ ба хулқаш муносиб буд.
Аввалан занак ҳар чӣ шавҳараш бо меҳнату машаққат пайдо мекард, хоҳ аз хӯрокию пӯшокӣ бошад ва хоҳ аз асбобу анҷоми рӯзгор, нисфи онро пинҳонӣ ба хонаҳои духтарҳои шӯдораш мекашонд. Аз хонаи Назир хайру баракат болу пар бароварда парида рафтан гирифт. Дар ду сол хонаи ӯ кулбаи дарвеш ва худаш жандапӯш гардид.
Писару келинаш, ки бо ӯ дар як ҳавлӣ мезистанд аз неши забони Марзияи зансурати морсират дилу ҷигарашон хунфишон гардида аз шарри ӯ ба худ ҷойи гурез намеёфтанд. Ёру ошно ва ягона духтари шавҳардори Назир тоқати дидани рӯйи турши занакро надоштанд, бинобар ин кам–кам аз даргоҳи ӯ қадамашонро канданд.
Мерган аз ғаму ғусса шикори рӯбоҳу харгӯшу гургу оҳуро ҳам партофт. Туфанги шохдор, дом ва қапқонҳояш занг заданд. Худи балои осмонӣ ва офати заминӣ ба сурати Марзия даромада дар хонаи Назири бахтбаргашта маскан гирифта буд. Назир гургон ва палангони даррандаро сайд мекард, аммо акнун худаш сайди доми ин зан шуда буд. Хешии амлокдор на танҳо мушкилкушои ӯ нагардид, балки даҳчанд ба мушкилоташ афзуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё