Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ман аз Қаршӣ омадам, – гуфт Восеъ, – дар он ҷо ҳокимро дидам, арз кардам, ҳоким маро ба пеши шумо роҳӣ кард. Бародари ман Назири балҷувониро шумо гунаҳгор кардаед, ба туҳмат бовар карда дар зиндонаш андохтаед. Ҳоким маро гуфт:
– Бирав Шаҳрисабз, дар он ҷо ба ту бародаратро нишон медиҳанд, бубин.
– Ту додари Назир ҳастӣ?–миршаби ришкалон аспашро як қадам ба тарафи Восеъ пеш ронда пурсид, мисли ин ки аз дидани додари маҳбус шод шуда бошад.
– Ҳо, тақсир, додараш мешавам.
Миршаб нохост:
– Ана, худаки ту ба ман даркор будӣ! – гуфт ва ба навкаронаш амр кард: – Гиред ӯро!
Ду навкари чӯбдор фавран пиёда шуда ба Восеъ дарафтиданд. Восеи саросемаи дар ҳайрат монда: «Ин чӣ гап? Ба чӣ гуноҳ мегиред маро?»–гуфта муқобилат нишон дода буд, ки навкар бо чӯбдасти худаш якто ба китфи ӯ фуровард, Восеъ аз дард тоб хӯрд. Боз як навкари савор пиёда шуд, онҳо се каса Восеъро дошта дастҳояшро ба пушташ бастанд.
– Ба зиндон баред! – фармуд миршаб. – Гӯед, ба пояш кунда андозанд! То бародари қотилашро ёфта надиҳад, халос намешавад...
Бандиро зада–зада пешандоз карда бурданд. Ба вай фурсати ягон чиз пурсидан ҳам надоданд. Аз гапи охирини миршаб ӯ ҳамин қадар фаҳмид, ки Назир дар ин ҷо ба қайду банд набудааст. Балки гурехта бошад?..

пешина
аз 471
навбатӣ