Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Инак, раис ва миршаб ҳам, ба танашон ҷомаҳои адраси банур ва дар сарҳошон салла, савора ҳамроҳи навкарони худ ҳозир гардиданд. Қӯрбошиҳо дарҳол даста–даста шуда дар се тарафи гулхан ба ҳар ҷо – ҳар ҷо саф кашиданд. Аз ҳар даста як нафарӣ нақорачӣ пеш баромад.
Нақорачиҳо як понздаҳ нафар буданд. Дуҳулҳои боми қӯрбошихона хомӯш гардида ба ҷойи онҳо ин нақорачиён ба нақоразанӣ сар карданд.
Дар ин дергоҳ майдони шаҳр бо гунбазу пештоқҳои баланди масҷиду мадрасаҳояш, бо қатори бомҳои пур аз зану бачагон, бо нақорачиёни дар сари гулхан даврагирифта ва ниҳоят бо марши низомии дастаҳои шабгардон, – ин ҳама манзара, ки ба он аз забонаҳои дарози оташи гулхан рӯшноии заррин метофт, воқеан тамошое дошт. Мусофири мо аз асари ин тамошо кӯфтагии роҳи дур ва гуруснагии шикамро ҳам фаромӯш карда, шарики шавқу хушҳолии шаҳриён гардид.
Дар ин кайфият ба ӯ сари роҳи раис ва миршаби аз майдон бозгаштнамударо гирифта ба онҳо муроҷиат кардан ҳам он қадар душвор набуд, хусусан аз он сабаб, ки ҳамин гуна рафтор дар Қаршӣ бо Остонақули ҳоким ба муваффақият анҷомида буд.
– Тақсирон! – бо овози баланд ба онҳо муроҷиат кард Восеъ дар хамгашти кӯча. – Як даҳан гап дорам, шунавед!
– ва барои он ки тақсирон аз шунидани гапи ӯ сар тофта натавонанд, Восеъ боз қасдан илова намуд: – Агар ҳозир нагӯям, сонӣ дер мешавад!
Баъди чунин арз, албатта, ҳар як амлокдори мутакаббир ҳам бозистода ба шунидани он арз маҷбур мешавад: кӣ медонад, балки дарвоқеъ, ҳам ягон гапи муҳим ва таъхирнопазир дошта бошад. Саворон ҷилави аспҳошонро кашида ба сар то пойи ин марди густох, ки аз афту андомаш ва лаҳҷааш, бешубҳа, кӯҳистонӣ буд, зеҳн монданд.
– Чӣ гап? – абрӯвони худро чин кард раис.

пешина
аз 471
навбатӣ