Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Хӯҷаин инҳоро аз куҷо ёфт? – пурсид Восеъ.
– Аз ошнояшон пурсида гирифтанд, – ҷавоб дод Ниёз.
– Ошнояшон аз бойҳои Ғузор аст, чандин хизматгору саис дорад. Ин пӯшоку чоруқро вай аз як хизматгораш гирифта дод.
– Ба пул?
– Чия! – хандид Ниёз. – Шон ба галабонашон пӯшок харида медоданд–мӣ?! Як пула сарфи беҷо карда монанд, ҷонашон мебарояд. Ҳамту пурсида гирифтанд. Аммо ба ман таъин карданд, ки «ту рафта ба Восеъ ин яктаҳу эзор, чоруқро хӯҷаин ба пул хариданд гӯй».
Ба болои гуфтугӯйи инҳо хӯҷаин савора омада монд.
Восеъ ҳам ба сафар тайёр шуда нишаста буд, ба зудӣ корвони онҳо корвонсаройро тарк карда таноби роҳро ба сӯйи Қаршӣ кашид.


Мирзоакрамбой дар Қаршӣ ба ҳавлии хеши дури гӯсфандҷаллобаш фуромад.
Гӯсфандҷаллоб ҳамроҳи ду писари «бӯзбала» ва домоди ҷавони миҷморуқаш аспҳои бойро хуб зеҳн монда аз назар гузаронд ва дандонҳошонро диду шаб дар меҳмонхонаи худ, дар сари дастархони ҳотамона аз соҳиби онҳо пурсид:
– Мирзо, аспҳо ба шумо чанд пул ғалтиданд?
Мирзои Қорӣ гумон кард, ки хешаш бе ҳеҷ ғараз, ҳамин тавр барои донистан пурсида истодааст, бинобар ин росташро гуфту монд:
– Понздаҳ сар асп андаряк ба бист ҳазор танга фуромад.
– Як аспатон ба тӯраи Ҳисор рафт?
– Рафт, – сари ҳасрат ҷунбонид бой.
– Дар роҳ ба ҷаву бедаи аспҳо чӣ қадар харҷ шуд?
Бой аз ин кунҷковии гӯсфандҷаллоб, ки гироӣ ё ба лафзи қаршигиҳо олғурии ӯ ба ҳама маълум буд, хавфе бурда пурсид:

пешина
аз 471
навбатӣ