Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Номусулмон будаӣ ту, мардак! – бо забони тунд гуфт боз Каримча. – Аз ҳамсояҳот қарз–парз карда нимча гӯшт мехаридӣ, ягон шӯрбои тунд пухта ба ин бечора мехӯрондӣ, мемурдӣ?! Сиҳат шавад, боз савобаш ба ту мерасид.
– Э, додар, – оҳ кашид Гадо, – қарз ба гуфтан осон.
Ҳамсояҳо ҳам монанди худам бечораву бенавоянд.
Восеъ бо Гадо аз ин зиёд гуфтугӯро бефоида дониста суханро кӯтоҳ кард:
– Хуб, бирав, мардак, аз пайи корат бишав.
– Охир, шумоҳо меҳмон ҳастед, як чойнак чой фармоям...
– Лозим нест.
– Ҳамин қадар меҳмоннавоз будаӣ, меҳмоннавозиатро дар ҳаққи Ашӯр мекардӣ, мемурдӣ? – боз тундӣ кард Каримча.
Гадо бо сари хам ва қиёфаи мулзам баромада рафт. Бемор об пурсид, Каримча аз ҳавлии Гадо як коса об оварда, сари Ашӯрро бардошта ба даҳони ӯ дошт, ӯ ду–се қулт нӯшид.
Баъд машкоб ба Восеъ, ки пушт ба девор дода парешонҳол нишаста буд, – аз афти кор меандешид, ки бо ҳамватани бемораш чӣ бояд кард, – рӯй оварда якбора чунин таклифе кард:
– Акаи Восеъ, медонӣ чӣ, биё ҳозир инро ба ҷӯйи Ҳазора мебарему як бор ба оби хунук меғӯтонемаш. Баъд дар ҷомааш гарм печонда оварда мехобонемаш. Ба Худо ки даррав табаш мефурояд, пагоҳ мебинӣ сиҳат шудааст.
Ман ҳар вақт ки табам гирифт, ҳамин тавр мекунам. Соле як–ду бор маро ҳам таб мегирад; ё ки баданам аз машки тар нам кашида касал мешавам; ман хоҳ тобистон бошад ва хоҳ зимистон, ба дарё меравам ва як бор дар оби хунук ғӯта мезанаму мехезам. Агар об ях карда бошад, яхро шикаста ба об медароям. Баъд мебарояму ҷомаамро ба танам печонда, ягон ҷойи гармтари шамолнорасро ёфта мехобам. Пеш аз хобидан, агар ёбам, як коса шӯрбои гарму тунд ё ки ордоби гарм мехӯрам, агар наёбам, як чойнак чойи гарм менӯшам.

пешина
аз 471
навбатӣ