Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бемор чашмонашро калонтар кушода бо садои нимшунаво гуфт:
– Шинохтам... акаи Восеъ... – ӯ тез–тез ва ба душворӣ нафас мегирифт.
– Чӣ шуд ба ту, додар? Кай боз хобидаӣ?
1
– Чум... Як ҳафта шуда бошад?..
– Ягон кас аз ту хабардорӣ мекунад ё не?
– Бачаҳои соҳиби ҳавлӣ... гоҳ–гоҳ...
Восеъ аз ҳоли зори раҳмангези он ғариб дилаш вайрон шуда ба чашмонаш об омад.
Ҳамин вақт дар каҳдон як деҳотии лоғари бузриш, досу арғамчин дар китф, пайдо гардид. Ин мард соҳиби ҳамин каҳдон ва номаш Гадо буд. Аз Восеъ пурсид:
– Ту кистӣ?
– Ман ҳамқишлоқии Ашӯр мешавам.
2
– Ҳамита? Аз ҳамқишлоқиат хабар гирифтан омадӣ?
– Ҳо, хайрият, ки хабар гирифтам, вагарна ин ғариб аз баракати «нигоҳу бин»–и ту мурда монад ҳам аҷаб набуд,
– таънаомез гуфт:
Гадо ғамгиннамо ба остонаи каҳдон нишасту гуфт:
– Ту ҳар касе, ки бошӣ, маро таъна назан, додар. Ман як бечораи аёлмандам, даст ба даҳонам. Росташро гӯям, ба ин касал парво кардан ҳам аз дастам намеояд. Дар хона агар ягон атола ё гармаке пазанд, бачаҳо ба ин ғариб як коса – ним коса бароварда медиҳанд. Ин ғариб, агар насибааш бошад, сиҳат шуда меравад, не, агар насибааш набошад... боз ин ҳам аз тақдири худаш.
Каримча гуфт:
– Дар қишлоқат магар ягон табиб ҳам набуд, ки ҷеғ занӣ?
– Якто табиб ҳаст, аммо агар ӯро ҷеғ занем, хақашро додан лозим мешавад. Ман ба додани ҳақи табиб қодир набошам, чӣ кор кунам?

1
Чум – чӣ донам.
Ҳамита? – ҳамин тавр?

пешина
аз 471
навбатӣ