ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.
Китобдор · 9 сентябри 2024 · 12 саҳифа
ИМЛОИ СИФАТИ ФЕЪЛӢ
- Якҷо навишта мешаванд:
а) сифатҳои феълии замони ҳозира бо пасванди - анда: хатмкунанда, ҷавобдиҳанда, нишондиҳанда, пешбаранда ва ғ.;
б) сифатҳои феълии замони гузашта бо пасванди - а: иҷрокарда, қафомонда, анҷомёфта ва ғ.;
в) сифатҳои феълие, ки аз феъли таркибии номӣ ва ибораҳои пешояндӣ сохта шудаанд: кори баанҷомрасида, ҷавони азхудрафта, пири барҷомонда, умеди барбодрафта ва ғ.;
г) сифатҳои феълии замони оянда бо пасванди - ӣ: фаромӯшнашуданӣ, иҷрошуданӣ ва ғ.
ИМЛОИ ФЕЪЛИ ҲОЛ
- Якҷо навишта мешаванд:
Ҷузъҳои феъли ҳол бо пасванди – он (-ён): бозикунон, навозишкунон, суҳбаткунон, рақскунон, сурудгӯён ва ғ.
- Бо нимтире навишта мешаванд:
а) феъли ҳоли такрор: ларзон-ларзон, хандон-хандон, хандида-хандида, давон-давон, лангон-лангон ва ғ.;
б) феъли ҳол бо ҷузъи номии такрор: пичир-пичиркунон, ҳай-ҳайгӯён, чаҳ-чаҳзанон ва ғ.
- Ҷудо навишта мешавад:
Феъли ҳоли таркибии замони гузашта: аз ҳуш рафта (афтид), аз по афтида (маҷрӯҳ шуд) ва ғ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё