Зеҳн
ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.

Китобдор · 9 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ИМЛОИ ЗАРФ

  1. Якҷо навишта мешаванд:

а) зарфҳое, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бар-, бе-, дар-, но- ва то- сохта шудаанд: баногоҳ, бакуллӣ, бодиққат, бомуваффақият, ботафсил, барвақт, барқасд, бемаврид, дарҳол, дарвоқеъ, ногоҳ, торафт ва ғ.;

б) зарфҳои мураккаб: дузону, дучанд, якзайл, якпаҳлу, чорзону, кинояомез, пасфардо, порсол, парерӯз, умрбод ва ғ.;

в) зарфҳое, ки аз шумораву исм бо пасвандҳои - а, ва -ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: дудаста, дутоӣ, садметрӣ, седонагӣ, панҷдонагӣ ва ғ.;

г) зарфҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнванди - о- (-ё-) сохта шудаанд: дуродур, сарозер, лаболаб, пасопеш, паёпай ва ғ.;

ғ) дар зарфҳое, ки аз шумораи миқдории таркибӣ ва исми ченаку андоза бо пасванди - ӣ (-гӣ) сохта шуданд, танҳо калимаи охири шумора бо исм якҷо навишта мешавад: чорсаду панҷоҳкилоӣ, сиву ҳашткилоӣ, ҳафтсаду наваду шашдонагӣ ва ғ.

  1. Ҷудо навишта мешаванд:

а) зарфҳое, ки аз такрори калима ва пешоянд иборатанд: дам ба дам, рӯз то рӯз, ваҷаб ба ваҷаб, сол ба сол, хона ба хона ва ғ.;

б) зарфҳое, ки аз ибораи изофӣ сохта шудаанд: дасти холӣ (омадан), сари остин (салом кардан), сари по (нишастан), пойи луч (давидан) ва ғ.

  1. Бо нимтире навишта мешаванд:

а) зарфҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: аҳён-аҳён, доман-доман, даста-даста, гурӯҳ-гурӯҳ, зуд-зуд, оҳиста-оҳиста, сето-сето, ҷо-ҷо, халта-халта ва ғ.;

б) зарфҳое, ки ҷузъи шуморавии онҳо бо рақам ифода ёфтааст: 450-килоӣ, 300-грамӣ, 10-тонӣ, 90-сарӣ ва ғ.

пешина
аз 12
навбатӣ