ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиву мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён доштанд, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таъсис дода шудааст.
Китобдор · 9 сентябри 2024 · 12 саҳифа
ИМЛОИ ФЕЪЛ
- Якҷо навишта мешаванд:
а) пешвандҳои феълии дар-, бар-, фар- (фур-), во-, боз-: даромадан, баромадан, бархостан, баргаштан, фаромадан (фуромадан), вохӯрдан, бозгаштан ва ғ.;
Эзоҳ. Пешвандҳои во ва боз ҳамчун калимаҳои мустақил ба маънои боз, яъне, кушода, озод аз феъл ҷудо навишта мешаванд: во кардан, во гузоштан, боз гардидан, боз хондан, боз истодан ва ғ.
б) пешвандҳои шаклсози ме- (ҳаме-), би- ( бу-), на- ( ма-): меравад, меояд, ҳамегуфт, бишкуфтан, нахостан, марав ва ғ.;
Эзоҳ. Агар ҳиссачаи инкории на ихтисор шавад, бо нимтире навишта мешавад: н-омӯзад, н-омад, н-осояд ва ғ.
в) бандакҳои феълии - ам, -ӣ, -ем, -ед, -анд ва бандакҳои хабарии - ам, -ӣ, -ем, -ед, -анд: хондам, хондӣ, хондем, хондед, хонданд; коргарам, коргарӣ, коргарем, коргаред, коргаранд ва ғ.;
г) бандаки хабарии аст бо сифати феълӣ: хондааст, гуфтааст, дидааст ва ғ.
- Ҷудо навишта мешаванд:
а) ҷузъҳои феъли таркибӣ: даъват кардан (намудан, шудан), андеша кардан, сурх шудан, якҷо шудан ва ғ.;
б) ҷузъҳои феъли таркибии номии пешоянддор: аз бар кардан, аз ёд кардан, ба ҷо овардан, умр ба сар бурдан, дар бар гирифтан, ба воя расидан, ба кор бурдан ва ғ.;
в) шаклҳои таркибии феъл: хонда буд, нахоҳад хонд, рафта истода буд, ташкил карда мешавад, бояд иҷро кунад ва ғ.
г) бандаки хабарии аст аз ҳиссаҳои номии нутқ: коргар аст, доно аст, пешқадам аст, довталаб аст ва ғ.
Эзоҳ. Бандаки хабарии аст дар шакли ихтисор (- ст) бо калима якҷо навишта мешавад: мардест, шахсест, доност, хонданист, рафтанист ва ғ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё