Афсонаи бобо Алеся (Номаи гулшапалакҳои Титово)

Китоби мазкур аз афсона ва ҳикояҳои ҷолиб барои кӯдакон иборат аст. Он хонандагони наврасро бо олами ҳайвонот ва ҳашарот ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 11 саҳифа
нигоҳ дор. Бигузор, Бобо Алеся ба ту дар бораи бошандагони Титово ҳар чӣ, ки медонад, қисса намояд. Охир, ҳеҷ ҷонзоде набояд беному нишон гардад! Ва шояд таҷрибаи аҷдоди мо, ягон вақт, ба ягон авлод зарур шавад.
Бо эҳтиром ва арзи сипос – Тит Ганчӣ».
Дар утоқ оромӣ ҳукм ронд. Шапалакмошин ҳам хомӯш карда шуд. Бобо Алесяро дил сахт тапид, ки тазйиқи он то рафт зиёд мешуд. Чунин ба назар мерасид, ки кадом як нерӯи номаълум ҳамин ҳоло ӯро бурда ба деворе мезанад. Дар яке аз деворҳо Бобо Алеся дида буд, ки рӯи қоғазаки сафед, зери оина ҷуссаи хушкондашудаи гулшапалакҳо мехобиданд: Хирсаки Соҳибҷамол, Чашми Товус, Ҳефестаи бодбонболи бурутӣ, Майхора, Сафедак. «Ва дур нест, ки аз қатори онҳо намояндаи бошандагони Титово низ ҷой бигирад»
бо рӯҳафтодагӣ ёдовар шуд Бобо Алеся.
Баногоҳ Шапалакмошин аз нав гиронда шуд. Ҳашаротшинос рӯи тугмачаҳояш панҷа бизад. Дар утоқ садои ҳаракати болҳо баланд гардид. Бобо Алеся худро чунин эҳсос мекард, ки гӯё дар Титовои азизаш нишаста бошад.
«Бале, шумо ба бошандаи Титово монандӣ доред, яке аз қобилиятҳои худро гум кардаед. Ҳатто, мушҳои паррон аз шумо дар масофаи хеле дур воқеъ бошанд ҳам, садои онҳоро шумо бояд бишнавед. Ва дар ин бора ба шумо мӯяки асабҳотон кӯмак мекунад, ки дар зери болу пар доред. Бонғи хатар бояд шапалакҳоро маҷбур созад, ки хатти ҳаракатро дигар карда, суръати парвозро афзун намоянд».
«Вале мо, на...
- Шитоб накун, Алеся, ман сабабашро медонам. Чунин воқеа пеш ҳам бо шапалакҳои свитязӣ рӯй дода буд. Чанд фарсах дуртар аз Титово кӯли зебои Свитяз мавҷуд аст. Ҳамон ҷо, даруни об растании беҳамтои таркибаш пур аз витамин бо номи Савсангули Дортман мерӯяд. Растании ноёб. Ғайр аз ин, вай табиатан зебост, хосияти табобатӣ дорад. Вай, ки дар илми тиб замоне истифода мешуд, барои боздошти нафас ё суст гардондани он ба кор меомад.
Зиёда аз ин, Савсангул ба «Китоби сурх» дохил гардидааст. Ин маънои онро дорад, ки ба он муносибати эҳтиёткорона дошта бошем... Таъми Савсангулро чашида, бошандагони Свитяз аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё