Афсонаи бобо Алеся (Номаи гулшапалакҳои Титово)

Китоби мазкур аз афсона ва ҳикояҳои ҷолиб барои кӯдакон иборат аст. Он хонандагони наврасро бо олами ҳайвонот ва ҳашарот ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 11 саҳифа
«У ҳамон Тит нест, ки аз сулолаи шоирону файласуфҳои Ганҷ намояндагӣ мекунад?»
«Гап дар ин ки Тит аз соҳили рости рӯди Титовост. Инаш аниқ аст. Аммо вай шоир аст ё файласуф, дар ин бора чизе гуфтан наметавонам».
«Туро дуруст фаҳмидан мумкин. Бошандагони Титово машғул будани худро ба назм ва илм, ки зотан аз авлоду аҷдодони худ ба мерос гирифтаанд, махфӣ нигоҳ медоштанд. Дониш ва истеъдод барои хулосаи оқилонаю мутафаккирона бояд кӯмак намоянд».
«Аҷаб не, вале намедонам. Ҳамин қадар, ки ман як фиристодаи онҳоям. Тит Ганҷӣ ба ман номае бидод барои ту. Вай зери пару боли ман пинҳон аст».
Ҳашаротшинос ба шапалак наздик шуд. Бо нохун оҳиста аз зери болаш тори анкабут барин чизи хеле нозукро гирифт.
Лифофай хурдакак аз барги заранг рӯи кафи дасташ омад.
«Инро мо ҳозир тавассути заррабин мехонем» овози Олимро шунивид Бобо Алеся.
Ҳашаротшинос паси мизи дигар гузашт. Баргаки хурдро таги заррабин ниҳод. Сипас, забонаки ба шапалакмошин пайвастаро тарафи худ кашид ва ким-кадом ниронаю тугмачаҳоро пахш кардан гирифт.
«Ҷаноби мӯҳтарам, Ҳашаротшинос! — рӯи заррабин мошинчаи тарҷумон суханоне паси ҳам пайдо шуданд. — Вазъи нохунчор маҷбур месозад, ки ба шумо муроҷиат намоем. Бар сари бошандагони Титово ҳалокат таҳдид мекунад. Пеш ҳеҷ гоҳ ба чунин хатари азим гирифтор нашуда будем. Агар мо дар амал аз махлуқони нодаркоре бошем, беҳтар нест, ки ба ҳалокати ногузир тан диҳем? Дар чунин ҳолат, бояд қатъӣ бовар кард, ки ҳалокати мо ба мувозинати Олам бетаъсир намемонад ва аз рӯи Замин сутурда шудани мо, гӯё ба Хоку Об ва Гулҳо зараре намерасонда бошад.
Агар мо зарурате барои Табиат дошта бошем, пас чаро дар Дунё, барои будубоши мо дар ҳаёт, қариб, ки ҷою манзили дурусте вуҷуд надорад?
Ҳашаротшиноси мӯҳтарам! Агар ки худат ҳам ба мо
маслиҳате дода натавонӣ, илтимос, намояндаи моро дар ҳузурат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё