Зеҳн
Тифли дарё (Муродалӣ Собир)

Ин китоб аз шеърҳои тарбиявӣ ва омӯзгорӣ барои кӯдакон иборат аст. Шеърҳо ба хондани китоб, эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани Ватан даъват мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 8 саҳифа

ШеърКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ДЕҲА

Овози бузу бара,
Қакраи қабки дара,
Аз рӯйи синаи кӯҳ
Садо кунад шаршара.

Ав-ав кунад Алопар,
Ҳезум кафонад Назар.
Бедор кунад ҳамаро
Бонги хурӯси саҳар.

Ҳуштак зада бачагон,
Ҳар сӯ бошанд дав-давон.
Аз субҳ то дами шом,
Деҳа надорад ором.

ЗАМИН

Барои модар – замин
Дилсӯзу меҳрубонем.
Рӯзирасон замин аст,
Бо он қарин бимонем.

Нигаҳбонаш мешавем,
Мекунем онро шудгор,
Замин бошад файзбор,
Мо деҳқони донакор.

Дар ҳама дунё замин
Баробари ҷон бувад,
Рӯзирасони инсон,
Аз он нону дон бувад.

пешина
аз 8
навбатӣ