Зеҳн
Тифли дарё (Муродалӣ Собир)

Ин китоб аз шеърҳои тарбиявӣ ва омӯзгорӣ барои кӯдакон иборат аст. Шеърҳо ба хондани китоб, эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани Ватан даъват мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 8 саҳифа

ШеърКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ДУ БУЗГОЛА

Аз паси модар чаро
Медавиданд ба саҳро.
Ҳар ду рӯйи сабзаҳо,
Гаҳ поёну гаҳ боло.
Ду бузгола нозанин
Мӯйҳояшон зарҳалин
Ҳар ду баробар буданд,
Дӯсти ҳамдигар буданд.
Модар ҳарчанд шитобад,
Ҳар дуро дарнаёбад.
Беҳад шӯҳу бозигар,
Дугоник, ҳарду хоҳар.

ТИРУКАМОН

Садое гур-гур
Овози тундур.
Ғул-гул бикард сар,
Ғӯшро намуд кар.
Борони найсон
Борид ногаҳон.
Бо як обутоб,
Пайдо шуд офтоб.
Ҳафт ранги зебо
ПАС бишуд пайдо.
Рангинкамон шуд,
Тиру камон шуд.
Аҷаб зебо буд,
Тӯй дар фазо шуд.

пешина
аз 8
навбатӣ